Бештар аз ду ҳазор зан ба созмони “Гулрухсор” дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд аз хушунати хушдоману шавҳар шикоят кардаанд.
Видеоро ин ҷо бинед.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Масъулони созмони ҷамъиятии “Гулрухсор”, ки рӯзи 10-уми декабр аз маъракаи иттилоотии “16 рӯзи зидди зӯроварӣ” дар Тоҷикистон натиҷагирӣ карданд, мегӯянд, дар давраи пандемияи коронавирус ва карантин муноқишаҳои оилавӣ бештар шуд.
Заноне, ки аз ёриҳои созмони "Гулрухсор" истифода кардаанд, мегӯянд, шояд дар ҳеч давраи дигар ин қадар сахт ба чунин кӯмак мӯҳтоҷ набудаанд.
Ба шумориши ин созмон, ки ба занони осебдида ёриҳои тиббиву равонӣ мерасонад ва ба онҳо паноҳгоҳи муваққатӣ медиҳад, имсол дар қиёс ба соли гузашта 500 нафар зан бештар аз хушунат дар хона шикоят кардааст.
Масъулони созмон бар ин назаранд, ки маҳдудиятҳо ба хотири пешгирӣ аз коронавирус бекориро бештар кард, нархи маводи озуқа боло рафт ва вазъ дар оилаҳои осебпазир ногувор шуд, ки боис ба ҷанҷолу хушунат гардид.
Сабоҳат Бобоҷонова, як масъули созмони "Гулрухсор" мегӯяд, қабл аз маҳдудиятҳо “зану мард тамоми рӯз ба кори худ банд буданд ва фурсат барои баҳси масоили хонаводагиро надоштанд”.
“Карантин ҳама аҳли оиларо сарҷамъ кард ва муноқишаҳои оилавӣ байни аъзои оила зиёд шуд. Инчунин, мушкилоти иқтисодӣ, душвор шудани таъмини оила боиси пайдо шудани баҳсу ҷанҷолҳо байни зану шавҳар ё дигар аъзои оила гардид",--гуфт ӯ.
Вақте занон ҳадафи латукӯб қарор мегиранд, ё ҳатто аз хона ронда мешаванд, созмони "Гулрухсор" ба онҳо барои ду ҳафта ҷои зисти амн медиҳад. Барои табобат, дилбардорӣ ва ҳимояти онҳо созмон равоншиносон, табибон ва ҳуқуқшиносонро ҷалб мекунад.
Гулрухсор Абдуллоева, раҳбари созмони "Гулрухсор" дар ин маврид мисолҳои мушаххас дорад.
Ӯ гуфт: "Ҳолате буд, ки ҳарорати зан баланд мешавад. Шавҳараш “ба хона беморӣ овардӣ" гуфта, ӯро берун меронад. Ин зан бо кӯдаконаш дар кӯча монд ва ба мо муроҷиат кард. Табибон ӯро ташхис карданд. Маълум шуд, ки гирифтори коронавирус набудааст. Он рӯзҳо мо маблағ надоштем. Барои дарёфти пул суратҳисоб кушодем ва дар интернет аз хайрхоҳон ёрӣ хостем”.
Ёриҳои ин созмон ройгон махфӣ сурат мегирад ва ному насаби занон бе ризояти онҳо ошкор намешавад. Талош мешавад, ки кӯмакҳо бар зарари хонаводаҳо тамом нашаванд. Назаре дар миёни мардон садо медиҳад, ки чунин созмонҳо бо кӯмак ба занҳо онҳоро бештар зидди ҳамсаронашон мешӯронанд.
Сабоҳат Бобоҷонова, масъули дигари созмони "Гулрухсор" ин иддаоро бепоя медонад. Ӯ мегӯяд, “ҳаракат мекунем низоъҳои оилавиро бо роҳи созиш ҳал кунем. Мо ҳама курсҳои омузишҳои равониро гузаштаем. Масалан, вақте ки шавҳари ягон зани паноҳбурда бо қаҳр наздамон меояд, аввал ӯро хуб қабул карда, шинонида, сари як пиёла чой ором мекунем, баъд суҳбат мекунем."
Созмони "Гулрухсор" авали сол ба мушкилоти молӣ рӯбарӯ гашт ва бими он ҷой дошт, ки баста мешавад. Пирӯзии созмон дар як озмуни байналмилалӣ имкон дод, ки аз сармояҳои Вазорати корҳои хориҷии Амрико бархӯрдор шавад. Соли ҷорӣ марказ ба 2030 зан мадад расондааст, ки нисбат ба солҳои гузашта бештар будааст.
"Гулрухсор" соли 1996 таъсис ёфтааст ва соли 2005 паноҳгоҳи худро барои занони хушунатдида боз намуд.
Дар Тоҷикистон созмонҳое ба мисли "Гулрухсор" пас аз соли 2000-ум бештар шуд ва онҳо бо кӯмакҳои созмону кишварҳои байналмилалӣ ба занони азиятдида дар муҳити хонаводагӣ кӯмак мекунанд.