Белорус гузаргоҳҳои марзиашро мебандад

Ҷумҳурии Белорус эълон кард, ки ба сабаби пандемияи коронавируси нав чанд гузаргоҳи марзиашро аз рӯзи 20-уми декабр мебандад. Қароре, ки ҳаракати мардумро, ки ба зидди раҳбари худкомаи кишвар Александр Лукашенко эътироз доранд, маҳдуд мекунад.

Дар қарори ҳукумат, ки як вебсайти нашри қонуну қарорҳо рӯзи 10-уми декабр чоп кард, омадааст, қарор аввали ҳамин ҳафта қабул шуд. Бар асоси он, шаҳрвандон ҳақ надоранд, ба истиснои кор, ё таҳсил ба хориҷа сафар кунанд. Санад баъди 10 рӯзи чоп дар матбуот ҳукми иҷро мегирад. Маълум нест, ки маҳдудиятҳо то кай идома мекунад.

Баъди интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи август, ки Александр Лукашенко, худро пирӯзи он эълон кард, дар Белорус тақрибан ҳар рӯз бо талаби истеъфои ӯ тазоҳурот сурат мегирад. Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки то кунун дар ҷараёни тазоҳурот 27 000 нафар дастгир шудаанд.

Доир ба шиканҷаву бадрафторӣ ва ҳалокати чандин нафар ба дасти маъмурони интизомӣ гузоришҳо низ нашр шудааст. Мухолифони Александр Лукашенко мегӯянд, ки ӯ бо баҳонаи пандемия, саъй дорад, фаъолияти онҳоро маҳдуд кунад.