Созмони Афви байнулмилал - Amnesty International – аз номаи мутахассисони СММ ба унвонии ҳукумати Эрон истиқбол кард, ки ба ҷавобгарӣ кашидани омилони кушторҳои ҷамъии дигарандешон дар соли 1988 дар зиндонҳои ин кишварро тақозо кардаанд. Мутахассисони ҳуқуқи башар дар номаи худ аз рӯзи 9 декабр ҳушдор доданд, ки қонуншиканиҳои гузаштаву ҳозира метавонанд ҳамчун “ҷиноят алайҳи башарият” арзёбӣ шаванд. Amnesty International ва дигар созмонҳои ҳомии ҳуқуқ муддатҳои дароз аст, ки барои ба ҷавобгарӣ кашидани омилони кушторҳои худсаронаи ҳазорҳо нафар, аксар ҷавонон дар Эрон дар соли 1988, баъди хотима ёфтани ҷанги Ироқу Эрон даъват мекунанд. Онҳое, ки қатл шуданд, аксаран тарафдори созмони “Муҷоҳидони халқ”-и Эрон буданд. Ин созмон дар Эрон мамнӯъ буда, дар замони ҷанг аз Бағдод ҳимоят дидааст. Фаъолон мегӯянд, ки дар он давра ҳазорҳо нафар бидуни ин ки дар додгоҳҳо мутобиқи қонун ҳамаҷониба муҳокима шаванд, кушта шуданд. Шумори дақиқи кушташудаҳо то ҳол пурра ҳисоб нашудааст. Amnesty International, ки ду сол пеш ин ҳодисаҳоро ҳамчун ҷиноят алайҳи башарият арзёбӣ кардааст, Эронро дар он муттаҳам кард, ки тафсилоти атрофи ин кушторҳоро ба таври доимӣ пинҳон мекунад. Созмоне, ки қароргоҳаш дар Лондон аст, дар изҳороти худ гуфт, ки номаи СММ ба Эрон умедориеро дар дили наздикону азизони қурбониҳои он солҳо эҷод мекунад.
Дар ҳоле, ки шумори дақиқи қурбониҳои кушторҳои ҷамъии зиндониҳои сиёсӣ дар Эрон дар соли 1988 маълум нест, фаъолон тахмин мекунанд, ки онҳо аз 3 то 30 ҳазор нафар буданд.