Дар ИМА базудӣ воксинаи зидди COVID-19 ба қайд гирифта мешавад  

Масъулини беҳдошт дар ИМА мегӯянд, ки таҷлили ҷашни Шукргузорӣ, ки барои таҷлили он амрикоиҳо одатан аз кунҷу канори кишвар дар хонаи волидон ҷамъ мешаванд, шумори олудашудаҳо ба коронавирусро афзоиш дод

Дар ИМА шумори олудашудаҳо ба коронавирус рӯзи 8-уми декабр аз 15 миллион нафар гузашт ва кишвар барои бақайдгирии таъҷилии воксинаи зидди COVID-19 наздик мешавад. Дар ҳоле, ки мақомоти беҳдоштӣ мегӯянд, давраи мушкил ҳанӯз дар пеш аст, идораи бақайдгирии маводи дорувор аломат дод, ки базудӣ дар бораи бақайдгирии воксинаи ширкатҳои Pfizer ва BioNTech тасмим гирифта мешавад. Мақомоти беҳдоштӣ умедворанд, ки дар ҷаласаи 10 декабр чунин тасмим гирифта мешавад. Рӯзи 8 декабр Бритониё аввалин давлат дар Ғарб шуд, ки истифодаи воксинаи зидди короновируси нави сохтаи ширкатҳои Pfizer ва BioNTech-ро иҷоза дод.

Дар ИМА омодагиҳо барои сабтиноми воксина дар ҳолест, ки дар як рӯз ба ҳисоби миёна дар ин кишвар 2 ҳазор нафар бар асари гирифторӣ ба коронавирус ҷон медиҳанд ва беморхонаҳо аз шумори афзояндаи беморон дар ҳоли сангин қарор доранд.