Дар ин паноҳгоҳ ҳафт зан ва бист кӯдаки тоҷик ба сар мебаранд. Онҳо аҳли хонаводаи ҷангҷӯёни созмони тундрави ДОИШ ҳастанд, ки пас аз куштанашон ба дасти размандагони курд асир афтоданд.
Дар сафорати Тоҷикистон дар Кувайт ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки роҳҳои бозгардонидани занону кӯдаконро бо мақомоти курд баррасӣ кардааанд. Занону кӯдакони тоҷик дар минтақае нигаҳ дошта мешаванд, ки зери назари размандагони курд қарор доранд, ки ба ҳукумати Башор Асад итоат намекунанд.
Як намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Кувайт гуфт, ки 8-уми декабр ба паноҳгоҳи дигар мавсум ба “Ал-Ҳавл” ё “Ал Ҳол” барои номнавис кардани шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд рафт. Дар паноҳгоҳи “Ал Ҳавл” занону кӯдакон бештар ҳастанд ва теъдоди онҳо бештар аз 400 нафар будааст. Дипломати тоҷик гуфт, ки бо мақомоти курд, ки урдӯгоҳҳоро зери назар доранд, мулоқот кардаанд ва онҳо ваъда додаанд, ки барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон кӯмак мерасонанд.
Як зани тоҷик аз урдӯгоҳи Рож рӯзи 7-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки се сол боз дар ин паноҳгоҳ аст ва бори аввал бо мақомоти тоҷик аз наздик суҳбат кард. Шавҳарашро дар ҷанг куштаанд ва худаш ба нерӯҳои курд таслим шудааст ва ҳоло бо як фарзандаш дар урдӯгоҳи Рож зиндагӣ мекунад.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 5-уми декабр хабар дод, ки дар мулоқот бо намояндагони Салиби Сурх ва Файсал ал-Миқдод, вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Сурия, сафири Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода, “масъалаи баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз урдугоҳи ал-Ҳавлро баррасӣ кардааст”.
Дар урдӯгоҳи ал-Ҳавл ва ал-Ҳасакаи Сурия бештар аз 500 зану кӯдаки тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд. Занону кӯдакони тоҷик пас аз шикасти гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” солҳои 2017-2018 ба дасти размандагони курд асир афтоданд ва ҳоло дар урдӯгоҳҳои зери назари Созмони Милали Муттаҳид дар чанд шаҳри Сурия нигаҳдорӣ мешаванд. Размандагони курд аз неруҳои асосие ҳастанд, ки дар ҷанг ба зидди ДОИШ нақши муҳиме ифо кардаанд.
Гурӯҳи “Давлати исломӣ” соли 2014 қисмате аз ҳудудҳои Сурия ва Ироқро зери назорат гирифт ва он ҷоро “Хилофати исломӣ” эълон кард. Ба ҳудуди ин хилофати худхонда бар асоси иттилои расмӣ беш аз ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон сафар кардаанд. Ба гуфтаи коршиносон, аксари шаҳрвандоне ба доми таблиғгарони ин созмон афтоданд, ки саводи дурусти динӣ надоштанд, вале ё аз маҳдудиятҳои динӣ дар Тоҷикистон ва нақзи ҳуқуқи мазҳабиашон норозӣ буданд.
ДОИШ, ки аз ҷониби аксари кишварҳои дунё гуруҳи террористӣ эълон шудааст, сар аз соли 2016 қаламравҳои зери назораташро аз даст дод ва аввали соли 2019 аз шикасти комили он хабар доданд.
Ба дунболи озод кардани қаламравҳои сурия ва Ироқ аз дасти ДОИШ садҳо зану кӯдаки тоҷик асир афтоданд. Ҳукумати Тоҷикистон ду сол пеш беш аз 80 кӯдакро аз Ироқ ба ватан овард. Додгоҳи Ироқ беш аз 40 зани тоҷикро бо гуноҳи ҳамкорӣ бо ДОИШ ба муҳлатҳои тӯлонӣ ба зиндон маҳкум кард. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки талош доранд, бақияи занону кӯдакони дармонда дар урдӯгоҳҳои Сурияро низ баргардонанд.