Ду рӯз пеш аз шурӯи барномаи эмкунӣ ба Бритониё 800 ҳазор дона воксинаҳои сохтаи ширкатҳои амрикоиву олмонии Pfizer ва BioNTech ворид карда шуд. Воксинаҳо дар яхдонҳои фавқулолла сард ҷой дода шуда, интизор меравад, ки аз 8-уми декабр эмкунии онҳо оғоз мешавад. Ин воксинаҳо дар 50 беморхона тақсим мешаванд ва дар навбати аввал ба беморони синнашон аз 80 боло ва ҳам кормандони тиббе, ки саломатиашон дар ҳолати хатар қарор дорад, дода хоҳад шуд. Бритониё 40 миллион дона воксинаи сохтаи Pfizer/BioNTech-ро харидааст ва онҳо ба 20 миллион нафар дода мешавад. Воксина ба 1 нафар дар ду навбат бо фосилаи 21 рӯз байни ҳам дода хоҳад шуд. Бритониё ҳафтаи гузашта аввалин кишвар дар ҷаҳон шуд, ки воксинаи сохтаи Pfizer/BioNTech-ро тасдиқ намуд. Ин воксина дар озмоишҳои қаблӣ нишон дод, ки 95 дарсад фоидаовар будааст. Дар Бритониё то ҳол 61 миллион нафар аз COVID-19 ҷон додаанд ва дар ин кишвар баландтарин нишондоди марги инсонҳо бар асари коронавирус дар Аврупо ба қайд гирифта шудааст.