Руди Ҷулиани ба коронавирус олуда шуд

Руди Ҷулианӣ ҳуқуқшиноси президент Доналд Трамп дар гузашта дар мақоми раиси шаҳри Ню-Йорк кор кардааст

Руди Ҷулианӣ, ҳуқуқшиноси хусусии президент Доналд Трамп гуфт, ки баъди маълум шудани ба коронавирус дучор шудани ӯ “ҳолаш хуб аст”. Ҷулианӣ, ки тести COVID-19-и ӯ мусбат баромад, дар Твиттер дӯстону пайравонашро барои дуову таманниёти нек ташаккур кард. Ӯ гузоришҳои матбуоти амрикоиро шарҳ ё тасдиқ накард, ки оё дар беморхона бистарӣ шудааст ё на. Дар бораи ба коронавирус олуда шудани собиқ шаҳрдори Ню-Йорк Ҷулианӣ дар Твиттери худ рӯзи 6 декабр нахуст президент Доналд Трамп хабар дод.

Ҷулианӣ 76 сол дорад ва масъули баҳсҳои ҳуқуқии Трамп дар заминаи натиҷаҳои интихоботи президентии 3 ноябр мебошад. Трамп, ки дар интихобот ба рақибаш Ҷо Байден мағлуб шуд, гуфт, ки бо натиҷаҳои овоздиҳӣ розӣ нест ва бидуни далеле иддао кард, ки дар овоздиҳӣ тақаллуб роҳ ёфт. То ҳол тақрибан ҳама даъвоҳои додгоҳии Трамп рад шудааст.