Дар Самарқанд хонаи ба зани маъюб тақдимшударо ба номи ронандаи сенатор сабт кардаанд

Шаҳри Самарқанд.

Хонаеро, ки раиси вилояти Самарқанди Узбекистон ба як зани маъюби дорои ду фарзанди ноболиғ ваъда карда буд, ба номи ронандаи пешини вакили маҷлиси болоии Узбекистон Гавҳар Олимова сабт кардаанд. Ҳамакнун аз зани маъюб ва ду фарзандаш талаб доранд, ки хонаро холӣ кунад.

Дилором Ризоқулова гуфт, калиди хонаро ба вай бо дастури раиси вилояти Самарқанд дода буданд ва ҳоло аз дастгоҳи раиси шаҳри Самарқанд талаб доранд, ки вай хонаро холӣ кунад.

"Моҳи майи соли 2019 ман ба ҳокими вилоят барои дарёфти сарпаноҳе муроҷиат кардам. Бо дастури Эркинҷон Турдимов, раиси вилоят ба ман ин сарпаноҳро доданд. Ҳоло аз ҳукумати шаҳр талаб доранд, ки хонаро холӣ кунам, зеро ин хона аз каси дигар будааст", - гуфт Дилором Ризоқулова.

Бино ба ҳуҷҷатҳое, ки дар ихтиёри расонаҳо гузошта шуд, манзили Дилором Ризоқулова ба номи Бекзод Ашӯров сабт шудааст. Бино ба иттилои манобеи огоҳ, Бекзод Ашӯров як замоне ба ҳайси ронанда дар мақомоти вилояти Самарқанд кор мекард ва баъди он ронандаи сенатор Гавҳар Олимова шуд.