Дар Қазоқистон истеҳсоли ваксинаи русии зидди КОВИД-19 оғоз мешавад

Ваксинаи русии зидди КОВИД-19.

Дар Қазоқистон сар аз 22 декабр истеҳсоли ваксинаи русии "Sputnik V" зидди коронавируси нав оғоз хоҳад шуд. Дар ин бора баъди мулоқоти президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев бо сарвазири ин кишвар Аскар Мамин хабар дода шуд.

"Ба раҳбари давлат иттилоъ дода шуд, ки тибқи созиши ӯ бо президенти Русия Владимир Путин 22 декабри соли равон истеҳсоли ваксинаи русии "Sputnik V" зидди коронавирус дар Қазоқистон оғоз хоҳад шуд", - хабар додааст Хадамоти матбуотии президенти Қазоқистон.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки қарор аст, аз ибтидои соли 2021 дар Қазоқистон ваксингузаронии ихтиёрӣ миёни сокинон оғоз шавад. Дар марҳалаи аввал ваксина ба шаҳрвандоне гузаронида мешавад, ки ба гуруҳҳои осебпазир шомил мешаванд.

Президенти Қазоқистон 16 ноябри соли равон хабар дода буд, ки мехоҳанд дар ин кишвар корхонаи истеҳсоли ваксинаи русии зидди коронавирусро бунёд кунанд. Тоқаев дар ҷаласаи бахшида ба мубориза бо коронавирус дар ин кишвар изҳор дошта буд, "бо президенти Русия дар бораи бунёди корхонаи истеҳсоли ваксинаи русии зидди коронавирус созиш кардем. Ҳукумат аллакай гуфтугӯҳо роҷеъ ба ҷалби сармояро ба ин ниҳод оғоз кардааст".

Ба гуфтаи Тоқаев, тартиби қайди муваққатро бояд дар Қазоқистон сода карда, бунёди корхонаро барои истеҳсоли ваксина ба поён расонд.

Қазоқистон ва Маскав роҷеъ ба интиқоли ваксинаи русии зидди коронавирус - Sputnik V ба Қазоқистон созиш карда буданд. Бунёди сармояҳои бевоситаи Русия баъди гузаштани ҳамаи марҳилаҳои санҷиш бояд ҳаҷми ваксинаро барои интиқол ба Қазоқистон ҷудо мекард.

Нахустин бастаи ваксинаи зидди коронавирус - "Спутник V" мавриди истифодаи умум қарор дода шудааст. Вале мудири Пажӯҳишгоҳи Гамалей Александр Гинстбург гуфт, санҷиши вируси бархе аз ихтиёриёне, ки дар марҳалаи озмоиши ваксинаи мазкури русӣ иштирок карда буданд, мусбат баромадааст.