Вазирони корҳои хориҷии НАТО ба баррасии рисолати худ дар Афғонистон шурӯъ карданд

29 июли соли 2020. Чархболи нирӯҳои НАТО дар осмони Кобул парвоз мекунад

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви НАТО баъд аз зӯҳри 1-уми декабр видеоконфронси дурӯзаи худро шурӯъ карданд, ки ояндаи рисолати ин паймон дар Афғонистонро баррасӣ мекунад.

Дабири кулли паймон Йенс Столтенберг қабл аз шурӯи нишаст гуфт, НАТО дар муқобили “як мушкили ҷиддӣ” қарор дорад, ки оё Афғонистонро тарк карда онро дар муқобили хатари табдил шудан ба паноҳгоҳи терроризми байналмилалӣ қарор диҳад ва ё дар фазои хушунатҳои афзоишёбанда рисолати худро дар ин кишвар тамдид бикунад.

17 сол баъди раҳбарӣ бар нирӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон ҳоло НАТО дар ин кишвари ҷангзада бо 11 ҳазор сарбозаш аз кишварҳои мухталиф боқӣ мемонад.

Вазифаи ин нирӯҳо тамрин ва машварат ба нирӯҳои амнияти миллии Афғонистон аст. Вале қарор аст то 15 январ шумори нирӯҳои амрикоӣ, ки дар корҳои кӯмаки ҳавоӣ, нақлиёт ва интиқоли борҳо саҳмгузор буданд, то 2 ҳазор нафар коҳиш ёфта, бо 2500 сарбоз маҳдуд шаванд. Дар ҷараёни нишасти матбуотии 30-юми ноябр дар Брюссел Столтенберг гуфт, ки корҳои тамринии нирӯҳои НАТО идома меёбад, вале “дар моҳҳои наздик мо бояд бо назардошти шароит дар маҳал ҳузури худро баррасӣ кунем”. Қабл аз конфронс Ҳейко Маас, вазири хориҷаи Олмон гуфт, НАТО набояд пеш аз мӯҳлати кишвари ҷангзадаро тарк карда, музокироти сулҳ дар Афғонистонро бо хатар рӯбарӯ кунад.