BioNTech ва  Pfizer аз Аврупо хостанд, ки воксинаи зидди COVID-19-и онҳо ба қайд гирифта шавад

Аризаи бақайдгирии воксинаи сохтаи ин ду ширкат аввал дар ИМА супурда шуд

Ширкати олмонии BioNTech ва шарики амрикоиаш Pfizer рӯзи 1 декабр гуфтанд, ки аз сохтори дахлдори Иттиҳоди Аврупо дархост карданд, ки воксинаи сохтаи онҳоро барои пешгирӣ аз олудашавӣ ба коронавирус ба қайд бигирад. Як рӯз пеш аз он дар ИМА ширкати дигари дорусозии Moderna аз сохтори давлатии кишвараш хост, ки воксинаи сохтаи онро зидди COVID-19 ба қайд бигиранд.

Ширкатҳои ҳамкори BioNTech ва Pfizer гуфтанд, ки рӯзи 30 ноябр аризаи худро барои бақайдгирии воксина ба Оҷонсии дорувории Аврупо (EMA) супурдаанд, то ки барояшон санаде бо номи Иҷозаи тиҷорати шартӣ дода шавад. Ин ширкатҳо мегӯянд, ки воксинаи сохтаи онҳо дар 95 дарсади ҳолатҳо дар мубориза бо COVID-19 манфиатовар будааст.

BioNTech гуфт, ки агар воксинаи онҳо бо номи феълии BNT162b2 тасдиқ шавад, имкони то охири соли 2020 дар Аврупо дастрас шудани он вуҷуд дорад. Аризаи бақайдгирии воксинаи BioNTech ва Pfizer барои истифода дар ҳолати изтирорӣ ба идораи бо номи Маъмурияти доруву ғизои ИМА, сохтори монанди он дар Бритониё (MHRA) ва инчунин дар Австралия, Канада ва Ҷопон супурда шудааст. Оҷонсии дорувории Аврупо гуфт, ки дар ҷаласаи 29 декабраш қарор мекунад, ки оё барои амну муассир будани воксинаи BioNTech/Pfizer барои бақайдгирии баъдӣ далели кофӣ дар даст ҳаст ё на.