Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви НАТО қарор аст дар як видеоконфронси дурӯзае, ки 1-уми декабр шурӯъ мешавад, ояндаи ин ниҳод дар Афғонистонро баррасӣ кунанд.
Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг гуфт, НАТО дар муқобили “як мушкили ҷиддӣ” қарор дорад, ки оё Афғонистонро тарк карда онро дар муқобили хатари табдил шудан ба паноҳгоҳи терроризми байналмилалӣ қарор диҳад ва ё дар фазои хушунатҳои афзоишёбанда рисолати худро дар ин кишвар тамдид бикунад.
17 сол баъди раҳбарӣ бар нирӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон ҳоло НАТО дар ин кишвари ҷангзада бо 11 ҳазор сарбозаш аз кишварҳои мухталиф боқӣ мемонад.
Вазифаи ин нирӯҳо тамрин ва машварат ба нирӯҳои амнияти миллии Афғонистон аст. Вале қарор аст то 15 январ шумори нирӯҳои амрикоӣ, ки дар корҳои кӯмаки ҳавоӣ, нақлиёт ва интиқоли борҳо саҳмгузор буданд, то 2 ҳазор нафар коҳиш ёфта, бо 2500 сарбоз маҳдуд шаванд. Дар ҷараёни нишасти матбуотии 30-юми ноябр дар Брюссел Столтенберг гуфт, ки корҳои тамринии нирӯҳои НАТО идома меёбад, вале “дар моҳҳои наздик мо бояд бо назардошти шароит дар маҳал ҳузури худро баррасӣ кунем”. Ба гуфтаи дабири кулли НАТО, масъалаи дигари мавриди баррасӣ дар конфронси 1-2 декабр фаъолияти Русия дар марзҳои НАТО хоҳад буд.