Созмонҳои иҷтимоӣ дар Қазоқистон аз "ҳамла"-и кормандони андоз шикоят доранд

Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Намояндагони созмонҳои иҷтимоӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар Қазоқистон аз таҳдидҳои беасоси кормандони андоз шикоят доранд.

"Давоми чанд ҳафтаи охир созмонҳои иҷтимоӣ аз сӯи кормандони бахши андоз "ҳамла" шуданд. Мо бар ин боварем, ки пушти ин "ҳамлаҳо" мақомоти амниятӣ меистанд. Дар як вақт ва дар чанд минтақа созмонҳои иҷтимоӣ дар бораи гӯё вайрон кардани талаботи пешниҳоди ҳисобот огоҳинома гирифтаанд",-гуфт Евгений Жовтис, мудири як созмони иҷтимоӣ аз Қазоқистон.

Намояндагони чанд созмон гуфтанд, ки пештар ҳам бо ин гуна фишорҳо рӯ ба рӯ шуда буданд ва онҳо изҳор доштанд, ки омодаанд дар додгоҳ аз ҳуқуқҳои худ ҳимоят кунанд.

"Дар соли 2016 ҳам, дар пайи эътирозҳои оммавӣ ба мо ҳамин гуна фишор оварда буданд. Моро бе асос ҷарима карда буданд", - гуфт Амангелдӣ Шорманбоев, раиси яке аз дигар созмонҳои иҷтимоӣ дар Қазоқистон.

Ширкатдорони нишасти хабарии рӯзи 30 ноябр, ки аз намояндагони созмонҳои иҷтимоии Қазоқистон иборат буданд, гуфтанд, ба додгоҳи байниноҳиявии шаҳри Нурсултон шикоят мебаранд.