Созмондиҳандагони Бозиҳои олимпии Токио мегӯянд, ба таъхир гузоштани баргузории мусобиқаи мазкур то ба соли 2021 ба иллати пандемияи коронавирус тақрибан 1,9 миллиард доллар харҷро дар пай дорад.
Нашрияи ҷопонии "Yomiuri" 29 ноябр бо истинод ба созмондиҳандагони мусобиқот навиштааст, ки ин маблағ ба пардохти маоши кормандон ва ташкили низоми баргардонидани пули билетҳо харҷ мешавад.
Кумитаи ташкили бозиҳо тасмим дорад, моҳи оянда харҷҳои иловагиро дар ин замина муфассал нашр намояд.
Олимпиадаи Токио мебоист аз 24-уми июл то 9-уми августи соли 2020 баргузор мешуд. Вале ба иллати пандемияи коронавирус Бозиҳо як сол мавқуф гузошта шуданд ва аз 23-юми июл то 8-уми августи соли 2021 доир мегарданд. Ҳамзамон номи Бозиҳо «Токио-2020» нигоҳ дошта шуд.