Мақомот дар Беларус беш аз 300 эътирозгарро боздошт карданд, ки рӯзи 29 ноябр бо талаби истеъфои Александр Лукашенко раҳпаймоӣ карданд. Аксари боздоштҳо дар Минск ҷараён гирифт, вале ба иттилои маркази ҳуқуқи башари “Весна”, дар Брест, Ҳродно, Боровляни ва шаҳру манотиқи дигари кишвар ҳам нафароне дастгир шуданд. Ин ҳафтаи дуюм буд, ки эътирозгарон дар Беларус бо шиори “Раҳпаймоии ҳамсояҳо” дар хиёбонҳо эътироз карданд. Мухолифон ин навбат стратегияи навро ба роҳ монданд, ки аз ташкили намоишҳои эътирозии ҷудогона дар қисматҳои мухталифи кишвар иборат мебошад. Онҳо мегӯянд, ҳадаф гирифтани пеши роҳи ходимони ҳифзи қонун аст, ки натавонанд мардумро дар як ҷой дастгир кунанд. Ба иттилои Бахши беларусии Радиои Озодӣ, полис барои пароканда кардани як бахши мардум аз гази ашковару норинҷакҳои баландсадо истифода кард.
Баъди интихоботи баҳсбарангези президентии Беларус дар таърихи 9 август, ки дар он Александр Лукашенко баранда эълон шуд, мухолифон даст ба эътироз зада, истеъфои ӯро тақозо мекунанд.