Узбекистон шаҳрвандонашро аз Сурия бармегардонад

Зану кӯдаке дар паноҳгоҳе дар Сурия

Мақомоти Узбекистон гуфтаанд, ки нақша доранд, гуруҳи дигаре аз шаҳрвандони кишварро аз паноҳгоҳҳои Сурия ба ватан баргардонанд.

Дар паноҳгоҳҳои Сурия бештар аз ҳазорон зану кӯдаки ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави ДОИШ нигаҳдорӣ мешаванд. Аксари онҳо пас аз шикасти ДОИШ дар соли 2018 ба паноҳгоҳҳо интиқол ёфтаанд.

Як мақомдори узбек бе зикри номаш ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки намояндаҳои Узбекистон ба он қисмати Сурия, ки зери назари курдҳо қарор дорад, сафар кардаанд ва барои баргардонидани наздики 100 зану кӯдак суҳбат кардаанд.

Ин мақомдор гуфтааст, ки занону кӯдакони узбек дар шароити бад нигаҳдорӣ мешаванд ва ба хадамоти дурусти тиббӣ, оби нӯшиданӣ ва ғизои кофӣ дастрасӣ надоранд.

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, дар паноҳгоҳи Ал-Ҳоли Сурия 65 ҳазор зану кӯдак нигаҳдорӣ мешавад, ки 10 ҳазор нафарашон хориҷиён ҳастанд.

Узбекистон эълон кардааст, ки дар паноҳгоҳҳои Сурия 220 зану кӯдаки узбек сабт шудааст.

Дар паноҳгоҳҳои Сурия беш аз 500 зану кӯдаки тоҷик низ нигаҳдорӣ мешавад. Мақомоти Тоҷикистон борҳо эълон кардаанд, ки нақшаи баргардонидани занону кӯдаконро доранд, вале то ҳол ин нақша амалӣ нашудааст.