Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон сомонае таъсис додааст, ки тавассути он соҳибкорон ва ширкатҳо метавонанд барои ин ё он навъи фаъолият иҷозатнома бигиранд. Вазорат ба ин хотир сомонаи ijozatnoma.tj-ро фаъол кардааст.
Дар раёсати иҷозатномадиҳии Вазорати саноат ва технологияҳои нав рӯзи 27-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, айни замон сомона фаъол аст ва аввалин соҳибкорону ширкатҳо барои ба даст овардани иҷозатнома дархост фиристодаанд.
Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар ин вазорат гуфт, “дар маҷмӯъ Вазорати саноат ва технологияҳои нав барои 8 намуди фаъолият муҷаввиз медиҳад. Барои мисол барои истеҳсол ва фурӯши машрубот, маҳсулоти тамоку ва истеҳсоли металҳои ранга”.
Ба таъкиди масъулони вазорат, дар сурати пурра ирсол намудани ҳуҷҷатҳо ва риояи талаботи қонун соҳибкор ва ширкати дархостдода тақрибан дар давоми ду ҳафта метавонанд муҷаввизи фаъолиятро ба даст оранд.
Масъулон мегӯянд, пас аз ворид шудани як чанд дархост, комиссияи муҷавиздиҳӣ дар вазорат ҷамъ омада, ҳама дархостҳоро як–як баррасӣ мекунад ва ба онҳое, ки талаботи қонунро риоя кардаанд, иҷозатнома содир карда, ба боқӣ дархостдодаҳо барои мукаммал кардани санадҳо маълумот ирсол карда мешавад.
Кормандони Вазорат эътироф кардаанд, ки дар раванди кор баъзе нуқсу норасоиҳои сомона маълум мешавад ва пайи такмили он ҳастанд.
Таъсиси ин ин сомона дар ҳолест, ки раванди гирифтани иҷозатнома барои баъзе фаъолиятҳои соҳибкорӣ аз сӯи созмонҳои байналмилалӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ “ношафоф ва олуда ба фасод” гуфта мешавад.
Ин аст, ки созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, дар гузоришҳои худ ба Тоҷикистон тавсия медиҳанд, ки ҳадалимкон ин равандро сода, шаффоф ва имконияти тамаъҷӯиву ришватхориро аз байн баранд.
Ташкили додани муҷаввиз ё парвонаи кор тавассути интернет яке аз чунин усулҳо гуфта мешавад, ки муносибати рӯ ба рӯи шаҳрванд ва корманди давлатиро кам ва хавфи сар задани ҳолатҳои ришватхориро коҳиш медиҳад.
Вазорати саноат танҳо идорае нест, ки тавассути сомонаи вежа хидматрасониро ба соҳибкорон ба роҳ мондааст.
Таи чанд соли охир Хадамоти гумрук ва Кумитаи андоз ҳам бо тавсия ва ҳимояти молии созмонҳои байналмилалӣ ба усули кори мавсум ба “Равзанаи ягона” пардохтанд.
Ҳоло тавассути сомонаи Кумитаи андоз шахс метавонад барои ба даст овардани патент ва ё шаҳодатномаи соҳибкорӣ, ё ташкили ширкат дархост диҳад. Ҳамчунон супурдани эъломияи дороиҳо ва ҳисоботи андоз низ тавассути сомонаи расмии ин ниҳод имконпазир аст.
Муҳаммадӣ Ибодуллоев, роҳбари Бунёди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет” мегӯяд, воқеан тайи чанд соли охир бо роҳандозии хизмарасониҳои интернетӣ, маъмурикунонии андоз ва гумурк дар кишвар то андозае пеш рафт.
Ба гуфтаи ӯ, “хизматрасониҳои электронӣ дар Тоҷикистон, хусусан хизматрасони давлатӣ дар сурате рушд мекунад, ки феҳрист ё реестри аҳолӣ ва реестри суроғаҳо дастрас бошанд”.
“Дар ин ҳолат хизматрасониҳои давлатии электронӣ пайдо ва бо суръати баланд рушд карда метавонанд. Дар ғайри сурат ин гуна хадамот бо суръат пеш намеравад”,-гуфт ӯ.
Дар Тоҷикистон бо дастури ҳукумат аксарияти вазорату идораҳо ва мақомот сомонаҳои расмии худро дар интернет фаъол кардаанд. Аммо бештари сомонаҳо пас аз таъсис бо иттилооти муҳиму саривақтӣ пур намешаванд ва моҳҳо матлаби наве нашр намекунанд.
Бо дастури Хадамоти алоқаи Тоҷикистон доменҳои ҷуғурофӣ барои мисол Ҳисор, Ваҳдат, ё Душанбе барои мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ҳифз шуда, ба шахсони алоҳида домен ва ё исми сомонаҳо бо чунин номҳо фурӯхта намешавад.