Иштирокдорони табаддулоти нокоми давлатиро дар Туркия ба ҳабси абад маҳкум карданд

Майдони Тақсим, Истанбул, моҳи июли 2016

Майдони Тақсим, Истанбул, моҳи июли 2016

Додгоҳе дар Туркия рӯзи панҷшанбе ҳукми навбатиро дар мавриди табаддулоти нокоми соли 2016 эълом кард. Додгоҳ ҳукми бештар аз 400 ширкатдори эҳтимолии табаддулотро содир кард.

Аз ин шумор даҳҳо тан ба ҳабси абад маҳкум шуданд. Ин афрод асосан фармондеҳони низомӣ ва сарнишинҳое буданд, ки шаби 15-уми июли соли 2016 ба иншооти ҳукуматӣ ҳамла карданд.

Ба навиштаи расонаҳо, миёни касоне, ки ҳукми якумрӣ гирифтанд, Вейсел Кавак, сарҳанги пешин ҳам ҳаст, ки котиби фармондеҳии нерӯҳои ҳавоии Туркия буд. Ӯ ва Алӣ Қарабултаву Ҳусейн Тюрка - ду тан аз низомиёни дигари нерӯҳои ҳавоиро ба ҳабси якумрӣ маҳкум карданд.

Дар маҷмуъ, дар натиҷаи табаддулоти нокоми соли 2016 дар Туркия наздики 250 одам кушта шуд. Талоши гуруҳе аз низомиён барои барканор кардани раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ба нокомӣ анҷомид.

Мақомоти Туркия Фатҳуллоҳ Гюлен, рӯҳонии турки муқими Амрикоро дар табаддулот айбдор карданд. Дар маҷмуъ бо айби ҳамкорӣ бо Гюлен ва ё иштирок дар табаддулоти ноком бештар аз 100 ҳазор одам дар Туркия ҳабс шудааст. Додгоҳ то ин дам бештар аз 2500 касро ба ҳабси абад маҳкум кард.