Вазири энержии Қазоқистон Нурлан Ногаев қатъи ногаҳонии интиқоли барқ ба шаш вилояти ин кишвар бо шумули шаҳрҳои Чимкент ва Алматоро шарҳ дод.
Ӯ рӯзи 25-уми ноябр гуфт: "Миёни низомҳои барқии Узбекистону Қазоқистон номувозинатӣ ба вуҷуд омад. Бо шарофати маҳорати мутахассисони мо, аз ҷумла кормандони KEGOC тавонистем, мушкилро дар кӯтоҳтарин муддат - 17 дақиқа бартараф намоем. Рӯзи баъдӣ ҳам дар вилоятҳои мазкур барқ ду соат хомӯш шуд, вале онҷо симҳо канда буданд. Сабаби пешакӣ - номувозинатӣ байни низомҳои барқии ду кишвар ба қисми техникие, ки нерӯи барқро интиқол медиҳад, таъсири манфӣ расонд. Шояд, барои ҳамин интиқоли барқ қатъ шуд."
Рӯзи 17-уми ноябр якбора дар чанд вилояти Қазоқистон, аз ҷумла Ҷамбил, Алмато, Қазоқистони Шарқӣ, Туркистон, Қарағанда, Қизилорда ва шаҳрҳои Чимкенту Алмато нерӯи барқ қатъ шуд.
Сокинони Алмато мегӯянд, давоми чанд дақиқа дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр чароғакҳо кор намекарданд, троллейбусҳо аз ҳаракат боз монда, дар роҳҳо танбашавӣ ба миён омада буд.