Шумори гирифторони бемории коронавирус дар Тоҷикистон рӯзи 25-уми ноябр ба 12 ҳазору 8 кас расид. Намояндагони Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтанд, дар шабонарӯзи охир бемории 37 нафарро тасдиқ карданд. Ба иттилои расмӣ, дар ҳафт моҳи гузашта 86 кас аз бемории ҳамагир ҷон бохта, 11395 нафар шифо ёфтаанд. Вазорат аз ин бештар ҷузъиёт намедиҳад. Мунтақидон ба омори расмӣ бо шубҳа менигаранд. Ба бовари онҳо, омори воқеӣ бамаротиб бештар аст. Радиои Озодӣ рӯзи 25-уми ноябр рӯйхати 225 нафарро нашр кард, ки бино бар тасдиқи пайвандон, пизишкон ва навиштаи расонаҳо аз коронавируси нав ва илтиҳоби шуш фавтидаанд.