Вазирони хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ масоили марбут ба рушди устуворро дар пасманзари пандемияи коронавирус баррасӣ карда ва дар ҷаласаҳои ҷудогона мавзӯъҳои марбут ба “стандартизатсия, тандурустии ҷамъиятӣ, муҳити зист ва таҳсилоти фосилавӣ”-ро матраҳ намуданд. Ҳамоиши 13-уми ҳамкориҳои Ҷумҳурии Корея ва Осиёи Марказӣ бо ҳузури вазирони хориҷаи кишварҳои минтақа рӯзи 25-уми ноябр дар шаҳри Сеул ҷараён гирифт. Дар кори он вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳам иштирок кард.
Оҷонсии Yonhap гуфт, ки таъсири пандемия ба кишварҳои ОМ ва паёмадҳои он яке аз масоили калидии ин ҳамоиш буд. Айни замон, вазири хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ Кан Ген Хва кишварҳои ОМ-ро ба идомаи пуштибонӣ аз сулҳи нимҷазираи Корея даъват карда гуфтааст, ки тақвияти сулҳ гарави субот дар минтақаи Авруосиё мебошад. Ҳамсоякишвари Кореяи Ҷанубӣ - Кореяи Шимолӣ аст, ки давлати дорои силоҳи ҳастаӣ мебошад ва баъди ҷанги солҳои 1950-ум дар нимҷазира равобити ду кишвар мушкил боқӣ мемонад.
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон рӯзи 25-уми ноябр хабар дод, ки ҳамоиш ё форуми баъдии Осиёи Марказиву Кореяи Ҷанубӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шавад. Ҷузъиёти дигари дидору гуфтугӯҳои дипломатҳои баландпояи кишварҳои ширкатдори ҷаласа нашр намешавад. Форуми ҳамкориҳои Кореяи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ аз соли 2007 баргузор мешавад ва ҳадафаш тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ мебошад.
Ҳамоиши Сеул дар ҳоле бо ширкати вазирони хориҷаи кишварҳои ОМ баргузор мешавад, ки пандемияи коронавирус ба нақшаву барномаҳои кории бисёр ҳукуматҳо таъсиргузор шуда, аксар ҷаласаву ҳамоишҳои муҳим ба таври фосилавӣ барпо мешаванд.
Форуми ОМ ва Кореяи Ҷанубӣ инак бори 13-ум баргузор мешавад ва ҳадафи аслии он пешбурди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ аст.
Кореяи Ҷанубӣ – кишваре дар Осиёи Шарқӣ ва мустақар дар нимҷазираи Корея яке аз давлатҳои босуръат пешраванда ба ҳисоб меравад ва дар даҳсолаҳои охир ба макони кору муҳоҷирати хориҷиҳои зиёд, аз ҷумла тоҷикистониҳо табдил шудааст. Садҳо тоҷикистонии муқими Корея бештар ҷавонону донишҷӯён ваё муҳоҷирони кориро ташкил медиҳанд. Тоҷикистон бо ин ки соли 1992 бо Кореяи Ҷанубӣ ҳамкориҳои дипломатӣ барпо кардааст, ҳамкориҳои наздиктари миёни ду кишвар тарҳо дар чанд соли охир эҳсос мешавад.
Умеди Тоҷикистон аз ин ҳамкориҳо пеш аз ҳама сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвар ва фаъол шудани созишномаи муҳоҷирати корӣ аст. Созишномаи фароҳамкунандаи шароити кор барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Кореяи Ҷанубӣ, ки сӯҳбаташро мақомот чанд соли пеш шурӯъ карданд, то ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст ва шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамоно вобастаи бозори кори Русия мемонад.
Иқтисодшиносон мегӯянд, мизони додугирифти молу коло ҳам миёни ду кишвар дар сатҳи поин аст – 25,5 миллион доллар, ки бештар аз ҳисоби маҳсулоти аз Корея ба Тоҷикистон воридшаванда ҳисоб шудааст. Тобистони соли ҷорӣ раҳбари Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон гуфт, ки бо сабаби пандемияи коронавирус мувофиқаҳои қаблан ҳосилшуда миёни Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ барои сармоягузорӣ дар ҳафт тарҳ бо маблағи умумии 320 миллион доллар муаллақ мемонад. Яке аз ин тарҳҳо бунёди корхонаи истеҳсоли мошинҳои барқиро дар назар мегирад.