Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ҳушдор дод, ки ҳама гуна коҳиш дар ҳаҷми кӯмакҳои байналмилалӣ ба Афғонистон ба хадамоти ҷамъиятӣ, фаъолиятҳои иқтисодӣ ва мизони зиндагии мардум дар ин кишвар таъсири манфӣ мерасонад. Ғанӣ рӯзи 24-уми ноябр зимни суханронӣ дар ҷаласаи кишварҳову созмонҳои ёрирасони Афғонистон дар Женева гуфт, кӯмаки байналмилалӣ “на танҳо барои рушд, балки барои ҳифзи сулҳ муҳим аст”. Конфронси Женева ҳам бо роҳи онлайнӣ ва ҳам ҳузурӣ ҷараён мегирад ва ин дар ҳолест, ки ҳукумати Афғонистон ва ҷангиёни Толибон дар Қатар дар музокироти сулҳ ба пешрафте даст наёфтаанд ва мизони хушунатҳо дар саросари Афғонистон кам намешавад. Илова ба он, президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки то миёнаҳои моҳи январ шумори нирӯҳои амрикоӣ дар Афғонистонро коҳиш медиҳад. Ғанӣ гуфт, “созиши сиёсӣ бо Толибон базудӣ ниҳоӣ мешавад. Вале дар шароити бад шудани даромадҳо, поинравии сифати хадамот ва болоравии бекорӣ дастёбӣ ба сулҳи пойдор душвор мешавад”. Ин нишаст дар ҳоле баргузор мешавад, ки бино ба пешбиниҳои Бонки Ҷаҳонӣ иқтисоди Афғонистон 5,5 дар сад кам хоҳад шуд ва пандемия ҳам боиси бад шудани вазъи башарӣ дар кишвар мешавад. Вале мақомот мегӯянд, ки назар ба чор соли пеш, ҳоло эҳтимолан кӯмаки камтар дастрас шавад. Соли 2016 мизони ёриҳои байналмилалӣ ба Афғонистон, ки дар конфрони Брюссел мувофиқа шуда буд, барои солҳои 2017-2020 15,2 миллиард долларро ташкил дода буд.