Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 23-уми ноябр эълон кард, ки шумораи афроди фавтида бар асари сироят ба коронавирус тағйир наёфтааст ва ин ниҳод сабаби марги танҳо 86 нафарро аз вируси нав тасдиқ мекунад.
Коршиносон ба омори расмӣ бовар надоранд ва мегӯянд, теъдоди фавтидаҳо ба маротиб бештар аст.
Ба иттилои расмӣ, дар шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 38 нафар ба бемории COVID-19 гирифтор шудаанд. Вазорати тандурустӣ гуфт, дар умум омори беморон то 23-уми ноябр ба 11 ҳазору 932 нафар расидааст. Ба иддаои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, аз замони эътирофи мавҷудияти коронавируси нав дар кишвар беш аз 94 дарсади беморон шифо ёфтаанд. Аммо муттахасисон омори расмиро дар бораи беморони коронавируси нав ва маргу мир аз он дар Тоҷикистон зери шубҳа мегузоранд. Онҳо мегӯянд, миқёси беморӣ ва фавти одамон метавонад аз маълумоти расмӣ ба маротиб бештар бошад.