Наздикони фаъоли нопадидшудаи ҲСДТ гуфтанд, бозпурсӣ шудаанд. ВКД рад кард

Маҳмурод Одинаев, муовини раиси ҲСДТ

Пайвандони Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз боздошту бозпурсии наздикону хешовандони ӯ аз сӯи мақомот хабар доданд.

Мақомот ВКД ин иддаоҳоро “беасос” медонанд. Раҳбарони Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯянд, ки то ба ҳол дар ин замина маълумоти дақиқе пайдо накардаанд. Се рӯз боз аз Одинаев дарак нест ва афроди наздик ба ӯ гуфтанд, намедонанд, ӯ ҳоло дар куҷо қарор дорад. Паёмгирӣ Фейсбуки ӯ рӯшан аст, вале ба навиштаҳо посух намедиҳад.

Маҳмурод Одинаев чанд рӯз пеш дар саҳифаи Фейсбукаш аз Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе хост, ки ба ҳамоиши эътирозӣ дар назди Қасри президент иҷозат диҳад. Расман ба изҳороти ӯ дар Фейсбук вокунише нашуд, вале аз сӯйи, зоҳиран тролҳои ҷонибдори ҳукумат ҳадафи ҳуҷуми лафзӣ қарор гирифт.

Ба гуфтаи наздикони Маҳмурод Одинаев, рӯзҳои ахир мақомоти пулис шуморе аз пайвандони ӯро ба Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ҳисор даъват намуда, бозпурсӣ кардаанд. Бархеро пас аз бозпурсӣ раҳо кардаанд, вале бархеи дигар ҳанӯз дар боздоштанд.

Ҳамсари яке аз бародарони Одинаев дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "дар пайи фирори ӯ (Маҳмурод Одинаев) дар чанд рӯзи пеш, се писари ӯро бозпурсӣ карданд". Ин зан мегӯяд, ки пулис писарҳои ӯро дар ҳоле барои бозпурсӣ даъват кард, ки хонаводаи онҳо солҳо боз бо Маҳмурод Одинаев рафтуомад надорад.

Масъулони Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳанӯз аз сарнавишти Маҳмурод Одинаев хабар надоранд ва ангезаи бозпурсии наздикони ӯ маълум нест. Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ дар тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, талош дорад, маълум кунад, ки чӣ ҳодиса рӯй додааст, аммо муваффақ нашуд ва маълумоти дақиқе дар ин замина низ дастрас накард.

Шокирҷон Ҳакимов, аз раҳбарони дигари Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бори ахир Маҳмурод Одинаев шаби шанбе бо ӯ аз як шумораи ношинос дар тамос шуд ва хабар дод, ки наздиконаш боздошт шудаанд.

Дар ҳамин ҳол Нусратуло Маҳмудзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабари фишор ва бозпурсии наздикони Маҳмурод Одинаевро беасос хонд. Ӯ гуфт, ки бори охир наздикони Одинаев дар робита ба як муноқиша дар назди як тарабхона дар Ҳисор, бозпурсӣ шуда буданд.

Аз ин қабл Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон аз таъқиби аъзои худ хабар дода буд. Зоиров рӯзи 22 ноябр дар Фейсбук навишт, на танҳо дар замони интихоботи президентӣ, балки баъд аз он низ дар Душанбе ва минтақаҳои дигар раванди таъйиби аъзои ин ҳизб идома дошааст. Ин ҳизб интихоботи президентии 11-уми октябрро таҳрим карда буд.

Аввали моҳи октябр Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ хабар дода буд, ки афроди ношинос дар Ҳисор шабона писарашро латукӯб карданд. Аммо ВКД дар пай гуфт, ки писари Одинаев "дар ҳолати сархушӣ бо муштариёни тарабхона муноқиша намуда, мавриди латукӯб қарор гирифтааст".