Матбуоти амрикоӣ рӯзи 22-юми ноябр хабар дод, ки президенти мунтахаб Ҷо Байден ёвари дарозмуддати худ ва дипломати собиқадор Энтони Блинкенро ба мақоми котиби давлатии ИМА баргузидааст. Дар сурати мувофиқати Сенат, Блинкен масъули таҳрири сиёсати хориҷии ИМА бо ҷаҳон баъди сиёсати чорсолаи Трамп мешавад, ки гуфта буд, “Амрико дар ҷои аввал аст”. Ин сиёсат боиси то ҷое фосила гирифтани ИМА аз шарикони байналмилалӣ, ихтилофҳои дидгоҳӣ ва ҳам то ҷое ба рақобат бо шарикони суннатии худ гузаштани Вашингтон гардид. Эълони исми номзади курсии котиби давлатии ИМА рӯзи 24-уми ноябр сурат мегирад. Дар миёни номзадҳо ба мақомҳои дигар исми Ҷейк Салливан, ки як ёвари наздики собиқ котиби давлатӣ Ҳилларӣ Клинтон буд, ба мақоми мушовири амнияти миллӣ пешниҳод шудааст. Корҳо дар самти таъини мақомдорони ҳукумати ояндаи ИМА дар ҳоле идома доранд, ки президент Доналд Трамп то ҳол талош дорад натиҷаҳои овоздҳии 3-юми ноябрро бозбинӣ бикунад ва дар ҷараёни марҳилаи гузариш, ки аз рӯи қонун тақозо мешавад, бо тими Байден ҳамкорӣ намекунад.