Душанбе дар соли 2021 пойтахти фарҳангии ИДМ хоҳад буд

Маркази Душанбе

Душанбе дар соли 2021 пойтахти фарҳангии Иттиҳоди давлатҳои мустақил эълон шуд ва ин мақоми рамзӣ ба пойтахти Тоҷикистон аз Шимкенти Қазоқистон гузашт. Дар маросими ба Душанбе эъто шудани мақоми пойтахти фарҳангӣ, ки бо сабаби пандемия ба таври онлайнӣ баргузор шуд, шаҳрдори Шимкент Мурат Айтенов тугмаи рамзии пойтахти фарҳангии ИДМ-ро ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ тақдим кард. Дар маросиме, ки ҳафтаи гузашта баргузор шуд, консули генералии Тоҷикистон дар Алмаато Баҳодур Назир аз номи шаҳрдори Душанбе инчунин корвони рамзиро бо 2200 китоб ва 2200 пиёзаки гули лола қабул кард, ки рамзи аз роҳи Абрешим гузар карда ба Душанбе рафтани он мебошад. Дар чаҳорчӯби соли рамзии пойтахти фарҳангии ИДМ будани Душанбе қарор аст дар пойтахти Тоҷикистон барномаҳои зиёд, аз ҷумла, сафарҳои ҳунарии театрҳову ҳунармандон, намоишгоҳу муаррифии китобҳо ва дигар маъракаҳо ташкил шавад.

Эълони Душанбе ба унвони пойтахти фарҳангии ИДМ дар ҳолест, ки Тоҷикистон ва дигар ҳама кишварҳои ИДМ дар ҳолати пандемияи коронавирус қарор доранд ва ҳамарӯза дар Тоҷикистон каму беш 40 нафар ба вирус олуда мешавад. Омори расмии гирифторӣ дар кишварҳои дигари ИДМ ба маротиб бештар аст ва маълум нест, ки оё барномаҳои фарҳангиву ҳунарии соли 2021-ро шаҳрдории Душанбе ба чӣ шакл роҳандозӣ мекунад.

Пойтахти фарҳангии ИДМ эълон шудани ин ё он шаҳри кишварҳои узв тағйири ҷиддие дар эътибори ин шаҳрҳо ба бор намеорад, вале барои Шимкент ин унвон вижагие дошт, ки он ҳамчун яке аз шаҳрҳои қаторӣ дар соли 2020 ба пойтахти як бахши аъзами Ҷануби Қазоқистон табдил ёфт. Гумон намеравад, ин унвон ба ҷойгоҳи Душанбе, ки пойтахти яке аз давлатҳои узви ИДМ аст, таъсири амиқе гузорад.

ИДМ як созмони дигари зери назари Русия буда, баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 таъсис шуд. Ба узвияти он Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Молдова ва Узбекистон шомил ҳастанд. Ҷумҳуриҳои дигари шӯравии собиқ, мисли Украинаву Гурҷистон бо далели фосилагирӣ аз сиёсати Маскав ва тамоюл ба Ғарб дар солҳои мухталиф аз узвияти ин созмон берун шудаанд.