UNICEF – дафтари СММ дар умури кӯдакон рӯзи 23-юми ноябр эълон кард, ки ният дорад 2 миллиард дона воксинаи зидди COVID-19-ро дар чаҳорчӯби, ба гуфтааш, “як амалиёти густарда” ба 92 кишвари дар ҳоли рушд тақсим кунад. Ин амалиёт соли 2021 тавассути роҳҳои ҳавоиву заминӣ ва кӯмаки ширкатҳои лоҷистикӣ анҷом мешавад. UNICEF мегӯяд, ки ин як амалиёти бесобиқаву сареъ аст, ки ҳадафаш дастрас кардани воксинаи зидди вируси ҳамагир ба наздики 100 кишвари ҷаҳон мебошад. Ба навиштаи Этлева Кадилли, раҳбари бахши захираҳои UNICEF, баробар бо воксина ин созмон ба ирсоли маводи дигари тиббии ҳифозатӣ аз COVID-19, инчунин ҳароратсанҷҳо, сарулибоси тиббӣ ва маводи дорувор идома хоҳад дод. UNICEF гуфт, ки ҳамчун як узи барномаи COVAX, ки таъминоти ҷаҳон бо воксинаи зидди COVID-19-ро ҳадаф қарор додааст, мехоҳад ҳукуматҳоро аз нияти захира кардани воксинаҳо боздораду қишрҳои осебпазир дар баробари коронавирусро дар навбати аввал бо ин давои зидди вирус таъмин кунад.
Чунин изҳорот дар ҳолест, ки нигарониҳо аз захира кардани воксина аз ҷониби кишварҳои сарватманд то рафт зиёд мешавад. Дар саросари ҷаҳон ҳоло беш аз 58 миллион нафар ба коронавирус олуда шуда, 1,4 миллион нафар аз COVID-19 ҷон додаанд.