Садҳо нафар дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон бо эътироз ба тарҳи нави лоиҳаи конститутсия, ки дар сурати қабул шудан озодиҳои шаҳрвандонро дар ин кишвари Осиёи Марказӣ маҳдуд хоҳад кард, ба хиёбон баромаданд.
Пас аз эътирозҳо аз натиҷаи интихоботи 4-уми октябр имрӯз, 22-юми ноябр дубора сокинон дар хиёбон эътироз карданд.
Эътирозҳо аз натиҷаи интихоботи порлумонӣ боис шуд, ки натиҷаҳои онро бекор карданд ва Содир Ҷабборов, ки дар зиндон қарор дошт, озод шуд ва сарвазири Қирғизистон шуд. Дар пайи эътирози сокинон ҳукумати Қирғизистон дигар шуд. Содир Ҷабборов пас аз истеъфои Сооронбой Ҷеенбеков аз мақоми президентӣ вазифаи президентро низ иҷро мекунад.
Ҳоло дар Қирғизистон тарҳи конститутсияи навро пешниҳод кардаанд, ки бар асоси он президент ду бор бояд ҳафт соли таъин шавад ва салоҳиятҳои порлумон коҳиш ёбад.
Эътирозгарон дар Бишкек шиор доданд, ки “Шумо наметавонед сарқонунро иваз кунед”.