Неруҳои Озарбойҷон ба яке аз ноҳияҳои ҳаммарз бо Қаробоғи куҳӣ ворид шуданд, ки дар созиши сулҳи ба дастомада бо миёнҷигарии Русия пешбинӣ шудааст.
Ин созиш ба ҷанги шашҳафтаинаи Озарбойҷон ва неруҳои Арманистон хотима дод. Вазорати дифои Озарбойҷон рӯзи 20-уми ноябр гуфт, ки воҳидҳои низомии он ба ноҳияи Ағдам яке аз ноҳияҳои атрофи Қаробоғи куҳӣ ворид шуданд, ки дар се даҳаи гузашта таҳти назорати Арманистон буд.
Дар баёнияи вазорат омадааст: “Бар асоси изҳороти сеҷонибаи раиси ҷумҳури Озарбойҷон, нахуствазири Арманистон ва раиси ҷумҳури Русия, воҳидҳои Озарбойҷон рӯзи 20-уми ноябр ба Адғам ворид шуданд.” Як рӯз пеш аз ин корвони мошинҳо ва тонкҳои Арманистон аз ноҳия берун шуданд ва вазири дифои кишвар аризаи истеъфо дод.
Арманиҳои сокини Адғам чанд рӯз фурсат доштанд, ки бору ашёи худро ҷамъ карда, ноҳияро тарк намоянд. Баъзе аз онҳо хонаҳои худро оташ зада рафтаанд. Қаробоғи куҳӣ як вилояти арманинишин ва ҷудоиталаби Озарбойҷон аст ва баъди ҷанги солҳои 90 худро мустақил мешуморад ва аз тарафи арманиҳо идора мешавад.