Пас аз мулоқоти тақрибан 3 соати ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон вазирони хориҷии ду кишвар Барномаи ҳамкориҳо миёни вазоратҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон барои солҳои 2021-2022-ро ба тасвиб расонданд.
Вохӯрии ҷонибҳо рӯзи 19-уми ноябр дар Душанбе баргузор гардид ва ҷузъиёти барномаи нави ҳамкорӣ дар ҳузури расонаҳо гуфта нашуд. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷӣ дар оғози мулоқоти ҳайатҳо, таъкид кард, ки масоили муҳими равобити миёни Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла муайян ва аломатгузории марзи давлатиро баррасӣ хоҳанд кард. Ӯ гуфт: “Албатта, як суоли аслии муносибатҳои кишварҳои мо масъалаи муайянсозӣ ва аломатгузории хатти марзи давлатӣ мебошад. Дар тули солҳои зиёд ҳал нашудани ин масъала моро водор мекунад, ки дар муддати кутоҳ ҳалли мувофиқ ба ҳар ду кишвваро пайдо кунем.”
Мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон пас аз таҳаввулоти сиёсӣ дар Қирғизистони ҳамсоя баргузор мешавад. Руслан Казакбаев, вазири тозтаъини умури хориҷии Қирғизистон, ки нахустин сафарии кории худро ба Тоҷикистонро анҷом медод, гуфт, вазъи сиёсии кишвараш ором аст ва ба маҷрои ҳуқуқӣ ва қонунии худ баргаштааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ӯ таъкид намуд, ки “мехоҳам мутмаин кунам, ки Ҷумҳурии Қирғизистон ба уҳдадориҳои қаблан гирифтаи худ дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ содиқ мемонад ва ҳама қарордоду созишномаҳои дуҷонибаву чандҷонибаи худро иҷро мекунад”. Коршиносони тоҷик баргузории чунин мулоқот дар сатҳи вазирони хориҷиро дар шароити феълӣ барои тарафайн муфид медонанд. Ҳарчанд ба гуфтаи онҳо, ҳалли бисёр масаъалаҳои муҳими байни ду кишвар аз ҳукумати ояндаи Қирғизистон пас аз интихоботи президентӣ дар моҳи январи соли оянда вобастагӣ дорад.
Абдумалик Қодиров, коршиноси тоҷик мегӯяд, сафари вазири умури хориҷии Қирғизистон ба Душанбе барои Тоҷикистон аз манфиат холӣ намебошад. Зеро ба қавли ӯ, дар ин мулоқот Тоҷикистон метавонад, баъзе шартҳои худро гузорад, то тақсимоти сарҳад одилона сурат гираду баҳсу муноқишаҳои марзӣ камтар шавад.
“Барои ҷониби Қирғизистон ин сафар як сафари пешазинтихоботӣ аст, зеро бо ин роҳ иҷрокунандаи вазифаи президенти ин кишвар бо мехоҳад нишон диҳад, ки як шахсияте аст, ки метавонад, масъалаҳои доғро ба дарозо напартофта, ҳал кунад”-гуфт, коршинос Абдумалик Қодиров.
Ҷанҷоли дароз ва бо мушкилзои марз
Қодиров таъкид намуд, ки дар интихоботи қарибулвуқуи президенти Қирғизистон, агар афроди таҷрибадор ва сиёсатмадорони воқеӣ сари қудрат оянд, шояд масъалаҳои марзӣ байни ду кишвар бо роҳи осоиштаву мантиқӣ зудтар ҳал шавад.
Моҳе пештар дар рӯзи 25-уми октябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тирпарронӣ шуд. Сокинони деҳаи Хоҷа Аълои шаҳри Исфара гуфтанд, лӯлаи оби ошомиданиро дар мавзеи Мулломалик таъмир карданӣ буданд, вале марзбонони қирғиз ба ҳаво тир кушода, монеи корашон шудаанд. Мақомоти марзбонии ду кишвар фавран ба ин ҳодиса вокуниш карданд. Дафтари матбуотии Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар як изҳорот гуфтааст, шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаи баҳсӣ лӯлаи об мекашиданд.
Хабаргузории давлатии "Ховар" ба нақл аз маркази матбуотии нерӯҳои марзбони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон навишт, "ин қитъа қаламрави ҷумҳурии Тоҷикистон аст". Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Ду тараф бо вуҷуди гузашти солҳо натавонистанд, сари минтақаҳои баҳсбарангез ба созиш расанд ва хатти марзро бикашанд. Аз ин рӯ, зуд-зуд дар ин минтақаҳои баҳсӣ муноқиша сар мезанад.