Додгоҳ амр додааст, Қодировро ба кораш баргардонанд

Абдумалик Қодиров ба додгоҳ шикоят карда буд, ки ӯро бар хилофи қонун аз кор гирифтаанд.

Додгоҳе дар шаҳри Душанбе амр додааст, ки Абдумалиқ Қодиров, мудири собиқи дафтари “Интернюс”, як созмони амрикоии ҳомии матбуот ба вазифааш барқарор карда шавад. Абдумалик Қодиров рӯзи 19-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баррасии шикояти ӯ дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор шуд ва “Додгоҳ қарор кард, ки ман бояд ба вазифаи пешини худам барқарор карда шавам.”

Абдумалик Қодировро 5 моҳ пеш аз вазифаи роҳбари намояндагии созмони “Интернюс” дар Тоҷикистон гирифтанд. Баъди ин ӯ ба додгоҳ шикоят бурда, дар аризаи шикоятиаш гуфтааст, ки ӯро “беасос аз вазифа барканор кардаанд”.

Радиои Озодӣ ба дафтари минтақавии “Интернюс” дар шаҳри Алмаато барои шарҳи қарори додгоҳ муроҷиат кард ва мунтазири посух аст. Марат Бигалиев, намояндаи минтақавии “Интернюс” дар кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи 19-уми ноябр ба Радиои Озодӣ навишт, ки баъди гирифтани посух аз дафтари марказии “Интернюс” аз Амрико, онро дар ихтиёри Радиои Озодӣ мегузорад.

Баҳси Абдумалик Қодиров бо созмони “Интернюс” аз баҳори имсол идома дорад. Қодиров даъво дорад, ки қарори аз вазифа барканор кардани ӯ дар моҳи марти имсол "хилофи қонуни меҳнат" ва "низомномаи ташкилот" аст. Намояндагони «Интернюс» гуфтаанд, "ҷаноби Қодиров барканор ё аз вазифа озод нашуда, балки муҳлати қарордоди кории ӯ тамдид нашудааст".

«Интернюс», ки як муассисаи байналмилалии ғайридавлатӣ аст, аз солҳои 90-ум дар Тоҷикистон ба кор оғоз кард ва барои рушду матбуоти мустақил, таъмини онҳо бо дастгоҳҳои нав ва боло бурдани таҷрибаву маҳорати хабарнигорони тоҷик кумак мерасонад. Мусоидат ба рушду такомули қонунгузории матбуот бахши дигаре аз кори "Интернюс" аст.