Ширкати Pfizer аз анҷоми муваффақиятомези озмоиши воксинаи нав хабар дод

Ширкати Pfizer рӯзи 18-уми ноябр хабар дод, ки санҷишҳои клиникии воксинаи зидди COVID-19, ки бо ҳамкории BioNTech анҷом шудааст, ба охир расидааст ва дар рӯзҳои наздик ба ҳукумати ИМА ва дигар кишварҳо аризаи бақайдгирии ин воксина ирсол мешавад. Дар изҳороти ширкат гуфта мешавад, ки таъсири мусбати ин воксина на дар 90, балки 95 дарсади ҳолатҳо тасдиқ шудааст. Дар изҳорот гуфта шудааст, ки дар даври сеюми озмоишҳо 43 ҳазор ихтиёрӣ иштирок карданд ва танҳо 170 нафари онҳо ба коронавирус олуда шуданд. Муаллифони воксинаи нав мегӯянд, ки аз миёни ин нафарон танҳо 8 дар сади онҳо воксина гирифта, дигарҳо давои ҷойивазкунанда ё пласебо қабул кардаанд. Pfizer гуфтааст, ки воксина бояд дар сардии -70 дараҷа нигаҳдорӣ шавад ва барои ин ҳам қуттиҳои махсус сохта шудааст.