Иттиҳоди Аврупо дар давраи пандемияи коронавирус барои кӯмак дар муқобила бо COVID-19 ба кишварҳои Осиёи Марказӣ беш аз 134 миллион евро кӯмак кардааст. Ин маблағҳо дар чаҳорчӯби барномаи «Тими Аврупо» ба панҷ кишвари минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон барои ҳалли душвориҳои феълӣ ва дарозмуддат, бахусус барои тақвияти вазъи беҳдоштӣ, об ва низоми санитарӣ ва пайомадҳои иҷтимоиву иқтисодии пандемия равона шудааст. Дар ин бора дар ҷаласаи 16-уми вазирони хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо таъкид шудааст, ки рӯзи 17-уми ноябр тавассути конфронси онлайнӣ баргузор шуд ва Тоҷикистонро дар ин нишаст вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин намояндагӣ кард. Раҳбарии ҷаласаро аз номи Иттиҳоди Аврупо намояндаи аршади ИА Жозеп Боррел ба ӯҳда дошт.
Дар иттилоияи хабарии Иттиҳоди Аврупо омадааст, ки дар ҷараёни ин нишаст масоили марбут ба иртиботот, рақамигардонӣ ваё диҷитализасия, энержии босубот, амният, ҳуқуқи башар ва ҳукумати қонун баррасӣ шудааст. Ҷаласаи вазирон мавзӯи ҳамкорҳои кишварҳои ОМ ва ИА-ро дар солҳои 2021-2027 ҳам матраҳ кард.
Таъкид ба ёриҳои башарии ИА дар давраи пандемияи коронавирус дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон давоми моҳҳои гузашта аз ношаффофии тақсими ёриҳои башарӣ ва фурӯхта шудани онҳо дар бозорҳо интиқодҳо садо додааст. Яке дигар аз масоили мавриди интиқод - натиҷаи кам ё номуассири роҳандозии таҳсили фосилавии мактабиён дар Тоҷикистон дар давраи пандемия мебошад. Ин барнома бо кумаки ИА ва ЮНИСЕФ - Бунёди кӯдакони СММ роҳандозӣ шуда буд.
ИА дар изҳороти худ мегӯяд, дар нишаст аҳамияти пешрафт дар масоили «мудирияти демократӣ ва ҳуқуқи башар, аз ҷумла, риояи ҳуқуқи бунёдии коргар ва баробарии ҷинсӣ» таъкид шудааст. Дар хабари Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон омадааст, ки Сироҷиддин Муҳриддин дар ин нишаст “тадбирҳои пешгирии пайомадҳои COVID-19, аҳамияти татбиқи барномаҳои муштарак ҷиҳати вокуниш ба буҳрони имрӯза ва сафарбарсозии манбаъҳои иловагӣ барои бартараф намудани оқибатҳои он дар чаҳорчӯби Роҳбурди нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ ва Барномаи бисёрсолаи индикативӣ барои солҳои 2021-2027-ро таъкид намуд”.
Дар ҷаласаи вазирони умури хориҷӣ мувофиқа шудааст, ки бо ҳамкории СММ дар минтақа барномаи нав ба хотири мубориза бо хушунат алайҳи занон роҳандозӣ мешавад. Инчунин соли 2021 нахустин “Форуми иқтисодии ИА ва ОМ” ба хотири мусоидат дар рушди иқтисоду тиҷорат баргузор хоҳад шуд.