Ҳукумати Қирғизистон қарореро таҳия дорад, ки бар асоси он давлат қимати бархе аз маҳсулоти ғизоиро ба танзим хоҳад даровард.
Дар моҳи октябри соли ҷорӣ дар Қирғизистон қимати маҳсулоти ғизоӣ нисбати моҳи декабри соли гузашта 8,9 дарсад боло рафт.
Дар бораи танзими маҳсулоти ғизоӣ иҷрокунандаи вазифаи сарвазири Қирғизистон Артем Новиков хабар дод. Вай ҳамчунин гуфт, ки бо воридкунандагони маҳсулоти ғизоӣ дар мавриди захираи ғизо гуфтугӯҳо идома доранд.
Иҷрокунандаи вазифаи сарвазири Қирғизистон ҳамзамон хабар дод, девони вазирон тасмим дорад, муваққатан содироти маҳсулоти дорои аҳамияти иҷтимоиро манъ кунад.
Инфлятсия ё беқурбшавии умумӣ дар моҳи октябри соли ҷорӣ нисбати моҳи декабри соли 2019 дар маҷмуъ дар Қирғизстон 5,3 дарсадро ташкил додааст. Бештар аз ҳар маҳсулоти дигар маҳсулоти ғизоӣ - 8,9 дарсад - гарон шудааст.