Гумонбари асосӣ дар куштори Жанболат Оғодили 17-сола - писари марҳум Давлат Оғодил, фаъоли пешини ҷамъиятӣ мегӯяд, касеро накуштааст. Ба ҷуз ин, ба гуфтаи вакилони дифоъ, дар парвандаи куштори Оғодил аллакай як қатор қонуншиканиҳо ба назар мерасад.
Видеои бозпурсии гумонбар Омирҷон Раҳмат дар Интернет нашр шуд. Омирҷон Раҳмат дар ин навор, ки дар шуъбаи пулис сабт шудааст, мегӯяд, барои чи дар маҳалли ҷиноят ҳузур дошт. Вакили дифои Раҳмат - Жандос Туяков гуфт, шахси зери ҳимояаш иттиҳомро рад мекунад.
"Ба гуфтаи шахси зери ҳимояам, баъди бозпурсӣ ӯро ба утоқи дигар бурдаанд, ки дар онҷо мақомҳои баландпояи пулис ҳузур доштанд. Онҳо аз Раҳмат хостаанд, ки дар рӯбарӯи дурбин аз хонаводаи Оғодил узр пурсида, баъзе аз ҷузъиёти занозаниро бигӯяд ва сипас озод хоҳад шуд. Аз ҳама аҷибаш ин аст, ки Раҳмат он замон намедонист, Оғодил ҷон бохтааст", - мегӯяд вакили дифоъ.
Жанболат шаби 11 ноябр дар минтақаи Коктал дар натиҷаи занозании гуруҳии ҷавонон аз зарби корд кушта шудааст.
Дар робита ба ин ҳодиса бо моддаҳои "Куштор" ва "Авбошӣ" парванда боз кардааст. Се иштирокчии занозанӣ бо шумули гумонбар дар қатли Оғодилов боздошт ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.
Жанболат Оғодил, писари Давлат Оғодил, фаъоли пешини ҷамъиятӣ аст, ки моҳи феврали соли ҷорӣ дар боздоштгоҳи шаҳри Нурсултон дар шароити номушахассе фавтид. Вай мебоист, 25 феврал бо вакилони порлумони Аврупо мулоқот мекард. Аммо шаби 24 феврал афроди ношиносе ӯро аз манзилаш бурданд. Субҳи рӯзи дигар хабар расид, ки вай дар боздоштгоҳ фавтидааст.
Ҳомиёни ҳуқуқи қазоқистонӣ марги Давлат Оғодилро "куштори сиёсӣ" унвон карданд. ИМА, Бритониё ва чанд созмони дигари байналхалқӣ аз мақомоти Қазоқистон хостанд, ки сабабҳои марги фаъоли ҷамъиятиро ошкор кунанд. Аммо мақомоти Қазоқистон гуфтанд, Давлат Оғодил дар шароити табиӣ вафот кардааст.