Ширкати "Барқи Тоҷик" ба ниҳодҳои тобеи худ дастур додааст, ки шахсони қарздор ва корхонаву муассисаҳоеро, ки барқи зиёд мегиранд, аз гармиву рӯшноӣ маҳрум кунанд.
Дастур бо имзои муовини раиси ширкат Муҳаммад Ғуломзода аз 3-юми ноябр содир шуда, ҳадафаш "сарфакорона истифода намудани захираҳои энергетикӣ ва беҳтар кардани таъминоти барқ ба соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар дар зимистон" гуфта шудааст.
Нусхаи дастур рӯзи 17-уми ноябр ба дасти Радиои Озодӣ расид.
Сокинони Тоҷикистон беш аз ду ҳафта инҷониб бо маҳдудият нирӯи барқ мегиранд. Масъулони ширкати "Барқи Тоҷик" аз оғози моҳи ноябр то ҳанӯз дар посух ба норозигии сокинон мегӯянд, дар кишвар лимити барқ ҷорӣ нашудааст ва ин вазъро ба таъмири дастгоҳҳо ва истгоҳу зеристгоҳҳо рабт медиҳанд.
Санҷиши дурустии изҳороти ширкати “Барқи Тоҷик” аз ҷойи дигаре феълан номумкин аст. Ширкати таъминкунандаи барқ ҳамчунин намехоҳад бигӯяд ё ба хабарнигорон нишон диҳад, ки чӣ чизе ва дар куҷо таъмир мешавад.
Аммо дар дастури "Барқи Тоҷик" ба ниҳодҳои зертобеаш рӯшан гуфта шудааст, интиқоли барқи "муштариёни қарздор, корхонаҳои оҳангудозӣ, корхонаҳои қуму шағал ва корхонаҳои истеҳсолиеро, ки аз меъёр зиёд барқ истифода мекунанд", қатъ кунанд. Инчунин хоста шудааст, "нонвойхонаҳо, санбӯсахонаҳо ва саунаҳо ба сӯзишвории алтернативӣ (ангишт) гузаранд."
Сокинони минтақаҳое, ки ба камбуди нерӯи барқ рӯ ба рӯянд, мегӯянд, дар Тоҷикистон тақрибан 20 сол боз аз тирамоҳ то аввали баҳор маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ буд. Ҳукумат соли 2017 эълон кард, ки лимит ё тариқи реҷа додани барқ ба сокинон дигар идома нахоҳад ёфт, вале мардум мегӯянд, ҳанӯз ҳам камбуди барқ эҳсос мешавад.
Деҳаи Обшорон дар 10-километрии пойтахти Тоҷикистон ҷойгир аст. Ҷалолиддин, сокини ин деҳа мегӯяд, се ҳафта боз аз соати 8-и субҳ то 6-и бегоҳ барқ надоранд. “Хонаҳо сард аст ва аз рӯшноӣ ва тамошои телевизор маҳрумем”, -- гуфт ӯ ва афзуд, маҷбур шудаанд, мисли солҳои пешин ва замони бебарқӣ, дегҳои кӯҳнаро ба берун бароварда, дар оташдон хӯрок пазанд.
Фотимагул, сокини дигари деҳа, мегӯяд, бист соли умраш дар фасли сармо бе барқ гузаштааст. Бинобар ин, ҳоло ба ҳамагуна ҳолат дар зимистон омодааст. Ба ваъдаҳои ҳукумат бовар надорад ва дар хонааш ҳар зимистон печка ё бухории бобоӣ мегузорад.
Масъулони мактаби деҳаи Обшорон низ ба қатъ шудани барқ омодагӣ дидаанд. Омӯзгорон мегӯянд, бо вуҷуди бебарқӣ дарси хонандагон ягон рӯз бекор нашуд. Онҳо мегӯянд, синфхонаҳоро ба воситаи бухориҳо гарм мекунанд, аммо аз набудани рӯшноӣ дар синфҳо шикоят мекунанд.
Бо оғози сардиҳо ва боридани барфи аввал дар Тоҷикистон шикояти мардум аз набудани барқ ва хонаҳои сарду торик хеле зиёд шуд. Мардуми зиёде аз шаҳру ноҳияҳои кишвар ба Радиои Озодӣ занг задаву аз бебарқӣ нигаронӣ мекунанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам мавзӯи асосии баҳси корбарони тоҷик набуди барқ аст.
Сокинон намедонанд, ки чаро бо вуҷуди қисман ба кор даромадани нирӯгоҳи Роғун дар хонаҳои онҳо барқ нест. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи Тоҷик” гуфт, “дар остонаи зимистон шабакаҳои калони барқӣ ҳамавақт ба таъмир фаро гирифта мешаванд. Бинобар ин, мумкин аст, якчанд рӯз барқ зина ба зина хомӯш карда шавад.”
Моҳи июли имсол ширкати “Барқи тоҷик” аз камбуди об дар дарёи Вахш хабар дод. Силсилаи нирӯгоҳҳо дар рӯди Вахш, аз тавлидкунандаҳои аслии нерӯи барқ дар кишваранд. Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳам ба он дохил мешавад. Ширкат он замон фурӯши барқро ба кишварҳои ҳамсоя муваққатан манъ кард, аммо масъулони “Барқи тоҷик” бебарқиҳои ахирро ба камбуди оби дарё рабт намедиҳанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Сокинон мепурсанд, "сардӣ оғоз шуд, маҳдудияти барқ то кай идома мекунад?"Суръати интернет ва камбуди барқ таҳсили фосилавии донишҷӯёни тоҷикро мушкил кардаандБаҳси бебарқӣ ва суоли сахти соҳибкор дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕОНишонаҳои ҷанҷоли нав дар "Барқи Тоҷик". 6,7 миллион доллар куҷо шуд?Шикоят аз бебарқӣ дар Тоҷикистон. Мардум аз маҳдудият мегӯянд, "Барқи тоҷик" боз аз таъмир. ВИДЕО