Котиби давлатии ИМА Майк Помпео қарор аст шоми 17-уми ноябр барои баррасии ҳамкориҳои амниятиву дифоӣ вориди Гурҷистон шавад. Помпео баъди анҷоми як сафари кӯтоҳмуддат ба Туркия, ки он ҷо бо раҳбари калисои ортодокс Бартоломюи 1 мулоқот кард, ба Қафқози Ҷанубӣ меравад. Дар сафари Истамбул, ки онро вазорати хориҷаи Туркия ҳамчун сафари “комилан берабт” сифат додааст, ҳеҷ мулоқоте бо раҳбарияти ин кишвар барпо нашуд. Дар қиёс, дар Гурҷистон қарор аст Помпео рӯзи 18-уми ноябр бо президент Саломе Зурабишвили, нахуствазир Гиорги Гахариа, вазири хориҷа Давит Залкалиани, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва раҳбари калисои ортодокси Гурҷистон Илияи 2 дидору гуфтугӯ кунад. Дар ҷараёни ин дидору гуфтугӯҳо, ки дар чаҳорчӯби созиши ҳамкориҳои стратегии ИМА ва Гурҷистон сурат мегирад, рушди ҳамкориҳо дар бахши амниятиву дифоӣ, инчунин, тиҷорат, маориф ва фарҳанг баррасӣ хоҳад шуд.