Нахуствазири Арманистон Никол Пашинян, ки як назарашро мухолифон ҳамчун даъват ба низои шаҳрвандӣ арзёбӣ карданд, таҳти интиқод қарор гирифт ва гуфт, ки ӯ ба ҳеҷ сурат ба ҷанги шаҳрвандӣ даъват накардааст. Эълони имзои созиш бо Озарбойҷон дар масълаи Қаробоғи Кӯҳӣ, ки 10-уми ноябр рух дод, боиси эътирозу норизоиятҳои шадид дар ҷомеаи Арманистон шуд. Созиш баъди ҷанги шашҳафтаинаи ахир бо миёнҷигии Русия имзо шуд. Ҳабдаҳ ҳизби сиёсии Арманистон аз Пашинян тақозо доранд, ки ба истеъфо равад ва ӯро дар хиёнат ва таслим шудан дар баробари Озарбойҷон гунаҳгор мекунанд. Рӯзи 16-уми ноябр дар Ереван қарор аст намоиши навбатии эътирозӣ баргузор шавад.
Пашинян рӯзи 15-уми ноябр дар Фейсбук навишт, ки даҳҳо видеоҳои сарбозонро дар ҷабҳаи ҷанг тамошо кард ва аз баррасиҳои бисёр фарогири масоили сиёсӣ “дар ҳайрат” монд. “Бачаҳо, ҳақ ба ҷониби шумост. Ман шуморо дар Ереван интизор мешавам, то ки масъалаи онҳоеро, ки зери девор истода меноланд, ҳал бикунем”. Ормон Татоян, омбудсмени Арманистон ин навиштаҳои нахуствазирро “фавқулодда хатарнок номид” ва ба хештандорӣ даъват кард. Вале рӯзи 16-уми ноябр дар як нишасти матбуотӣ дар Ереван Пашинян гуфт, ки манзури ӯ чунин набуд. Ба гуфтааш, “ҳоло ҳама асабонӣ ҳастанд ва осон мавриди истифода қарор мегиранд”.