Рӯзи 16-уми ноябр бо ибтикори Оҷонсии рушди ИМА (USAID) Форуми панҷрӯзаи тиҷоратии Осиёи Марказӣ ба кор шурӯъ кард, ки ҳадафаш рушду тавсеаи тиҷорату соҳибкорӣ дар минтақа мебошад. Дар ҳамоише, ки ба таври онлайнӣ ташкил шудааст, сад нафар суханронӣ карда, чор ҳазор нафар аз 39 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, ИМА, Олмон, Бритониё ва дигар давлатҳо иштирок мекунанд. Мавзӯи имсолаи конфронс “Рушд ва шукуфоӣ” аст, ки вокуниши бозори ОМ ба таҳаввулоти марбут ба COVID-19-ро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Ба иловаи ширкат дар форум, соҳибкорону иштирокдорон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд бо ҳам сӯҳбату машвартаҳои корӣ анҷом диҳанд. Дар расми кушоиши ҷаласа сафири ИМА дар Қазоқистон Уилям Мозер гуфт, “Даҳ сол пеш ин форуми тиҷоратӣ ба хотири эътимод ба рушди тиҷорату ҳамкорӣ ба хотири иртибототи босуботу шукуфои миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ташкил шуд”. Ӯ гуфт, “тиҷорат ҳеҷ гоҳ бозии бебурд нест. Танҳо ҳамкории муштарак ба додугирифтҳои тиҷоратии одилонаву шаффоф мусоидат мекунад”.
Ҳавер Педра, як мақоми USAID, ки аз Вашингтон ба форум ҳамроҳ шуд, гуфт, “USAID ифтихор мекунад, ки пуштибонии чунин як таҳаввулоти муҳимро идома дода”, барои такон додани тиҷорату иртиботи иқтисодии миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад.
Бино ба навиштаи дафтари матбуоти сафорати ИМА дар Қазоқистон, дар давоми даҳ соли гузашта дар Форуми тиҷоратии ОМ беш аз 5 ҳазор кормандони ҳукумат, соҳибкорон ва раҳбарони беш аз 30 кишвар иштирок карда, дар дар даҳ соли гузашта мизони ҳамкориҳои тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ ду баробар зиёд шуда ба 6 миллиард доллар расидааст.