RWB хост, қатли хабарнигори Радиои Озодиро мӯшикофона таҳқиқ кунанд

Дар як ҳафта дар Афғонистон ду хабарнигорро куштанд. Акси Ямо Сиёвуш ва Илёс Дойӣ

Созмони Хабарнигорони Бидуни Марз (Reporters Without Borders) хост, ки қатли хабарнигори Радиои Озодиро дар Афғонистон одилона таҳқиқ кунанд. Илёс Дойии 33-сола рӯзи 12-уми ноябр дар вилояти Ҳилманд кушта шуд.

Ҳукумати Афғонистон, Созмони Милали Муттаҳид ва дигарон ин ҳодисаро ҳамла ба озодии матбуот дар кишвари ҷангзада номиданд. Дойӣ дар натиҷаи таркиши бомбаи магнитӣ, ки дар мошинаш гузошта буданд, ҷон бохт.

Ризо Муинӣ, раиси шуъбаи Эрон ва Афғонистони созмони Хабарнигорони Бидуни Марз дар изҳороте 14-уми ноябр гуфт, "ин амали ҳавлнок набояд беҷазо монад". Вай афзуд, "барои шиносоӣ ва муҷозоти онҳое, ки масъули ин ҳамлаи ҳадафмандона буданд, таҳқиқи комилу шаффоф зарур аст."

То ҳол ҳеч кас ё гуруҳе масъулияти ҳамлаи 12-уми ноябрро ба уҳда нагирифтааст. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, даст доштани гуруҳро дар ин ҳодиса тасдиқ ё рад накард.

Дар ҳамин ҳол, созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, қаблан Толибони мусаллаҳ Илёс Дойиро таҳдид ба марг карда буданд. Дар изҳороти созмон аз 13-уми ноябр гуфта шудааст, Толибон аз Дойӣ хоста будаанд, бояд дар бораи ҳамлаҳо ва амалиёти ин гуруҳ дар Ҳилманд гузориш таҳия накунад.

Рӯзи 7-уми ноябр дар натиҷаи таркише дар Кобул Ямо Сиёвуш хабарнигори пешини телевизиони "Тулуъ" низ кушта шуд.