Содир Ҷабборов, сарвазир ва иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон, барои иштирок дар интихоботи раёсати ҷумҳури ин кишвар номзадияшро пешниҳод кард. Интихобот 10-уми январи соли 2021 баргузор мешавад.
Кумисюни марказии интихоботи Қирғизистон гуфт, Ҷабборов санадҳояшро 14-уми ноябр супурд. Вай номзади мустақил аст.
Бино ба Қонуни асосии Қирғизистон, президент ва ё иҷрокунандаи вазифаи президент ҳақ надорад дар ин маъракаи сиёсӣ иштирок кунад. Содир Ҷабборов пештар гуфта буд, то 14-уми ноябр масъулиятҳояшро месупорад.
Аммо хадамоти матбуоти президент дар иттилоияи расмӣ гуфтааст, Ҷабборов ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳур санадҳояшро ба КМИР супурд.
Баъд аз интихоботи порлумонии 4-уми октябр дар Қирғизистон буҳрони сиёсӣ ба вуҷуд омад. Тазоҳурот бо талаби бекор кардани натиҷаҳои интихобот ба беназмӣ табдил шуд.
Шаби 6-уми октябр эътирозгарон "Кохи Сафед"-ро, ки дар он ҷо порлумон ва идораи президент ҷойгир аст, ишғол карданд ва баъд аз он мубориза барои қудрат дар байни нирӯҳои гуногуни сиёсӣ сар шуд.
Дар натиҷа, КМИР натиҷаҳои интихоботро бекор кард, президент Сооронбой Ҷеенбеков ба истеъфо рафт ва Содир Ҷабборов сарвазир шуд ва ҳамзамон масъулияти иҷрои вазифаи президентро ба дӯш гирифт. Ӯ то оғози буҳрон дар зиндон буд.