Оғодили 17-соларо дар наздикии Нурсултон дафн карданд

Оғодили ҳабдаҳсоларо рӯзи 13-уми ноябр дафн карданд

Жанболат Оғодили 17-сола, писари кушташудаи марҳум Давлат Оғодил, фаъоли пешини ҷамъиятиро рӯзи 13-уми ноябр дафн карданд. Жанболат шаби 11-уми ноябр дар минтақаи Коктал кушта шуд. Пулис гуфт, ӯ дар натиҷаи занозании гуруҳии ҷавонон аз зарби корд ҷон бохтааст.

Рӯзи 13-уми ноябр дар наздикиҳои шаҳри Нурсултон ҳудуди 200 нафар барои видоъ бо ӯ ҷамъ шуданд.

Сиёсатмадор Балташ Турсумбоев, ки дар маросими мазкур ҳузур дошт, гуфт, "мардуми Қазоқистон фарзандони худро, ки ватану сарзамини хешро дӯст медоранд, аз даст медиҳанд. Сабаби ин ҳама амиқ аст. Сабаб амали қудратдуздони оғушта ба хун аст".

Дар шаҳри Алмато низ барои гиромӣ доштани хотираи Оғодил тазоҳуроти хурд баргузор шуд. Як гуруҳи сокинон мақомоти маҳаллиро аз баргузории ҳамоиш огаҳ карда буданд, вале намояндаи Идораи рушди ҷомеаи шаҳр Айдар Сесенбеков ба маҳалли тазоҳурот ҳозир шуда, ба иштирокдорон гуфт, он "ғайриқонунӣ" аст.

Дертар намояндагони додситонии шаҳр низ ҷамъшудаҳоро ҳушдор доданд, ки дар сурати пароканда нашудан дастгир хоҳанд шуд.

Дар робита ба куштори Оғодил бо моддаҳои "Куштор" ва "Авбошӣ" парванда кушодаанд.​ Се иштирокчии занозанӣ бо шумули гумонбар дар қатли Оғодил боздошт ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.

Жанболат Оғодил, писари Давлат Оғодил, фаъоли пешини ҷамъиятӣ аст, ки моҳи феврали соли ҷорӣ дар боздоштгоҳи шаҳри Нурсултон дар шароити номушахас фавтид. Вай мебоист, 25-уми феврал бо вакилони порлумони Аврупо мулоқот мекард. Аммо шаби 24-уми феврал афроди ношиносе ӯро аз манзилаш бурданд. Субҳи рӯзи дигар хабар расид, ки вай дар боздоштгоҳ фавтидааст.

Ҳомиёни ҳуқуқи қазоқистонӣ марги Давлат Оғодилро "куштори сиёсӣ" унвон карданд. Амрико, Бритониё ва чанд созмони дигари байнулмилалӣ аз мақомоти Қазоқистон хостанд, ки сабабҳои марги фаъоли ҷамъиятиро ошкор кунанд. Аммо мақомоти Қазоқистон гуфтанд, Давлат Оғодил дар шароити табиӣ фавтидааст.