Як мутахаccиси ҳукумати шаҳри Бохтарро ба қаллобӣ муттаҳам карданд. Намояндагони Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон 10-уми ноябр гуфтанд, А.Абдураҳмонов моҳи феврали имсол барои ба Ҳаҷ фиристодани Р.Собиров аз ӯ 80 ҳазор сомонӣ (баробар ба тақрибан 8 ҳазор доллар) гирифтааст. "Вале ба манфиати ӯ ягон кор накарда, маблағи мазкурро тасарруф намудааст", -- гуфтаанд дар иттилоияи расмӣ.
Абдураҳмонов дар мансаби мутахассиси Шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Бохтар кор мекард. Ба зидди ӯ бо моддаи "қаллобие, ки ба миқдори махсусан калон содир шудааст" парванда кушодаанд. Ин банди қонун ҷарима ва ё аз 8 то дувоздаҳ соли маҳрумӣ аз озодиро дар назар дорад.
Назари Абдураҳмонов ва ё наздикону вакили мудофеаш ба қазия маълум нест.
Ҳар сол барои сафар ба Арабистони Саудӣ ҳазорҳо сокини Тоҷикистон дар навбат меистанд. Имсол ба сабаби густариши бемории коронавирус зиёрати Каъба ва маконҳои дигари муқаддас имконнопазир шуд.