Баландтарин неругоҳи барқи офтобии ҷаҳонро дар Тоҷикистон сохтанд

Неругоҳи барқи хуршедӣ баландтарин дар ҷаҳон шуд.

Дар Тоҷикистон бузургтарин нерӯгоҳи барқи офтобиро ба кор андохтанд, ки айни замон баландтарин дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Дар ин бора Оҷонси Байналмилалии Рушди Амрико (USAID) рӯзи 12-уми ноябр хабар дод. Ин муассисаи имдодӣ, ки барои хариду насби неругоҳи барқи офтобӣ ба ширкати “Помир Энержӣ” кумак кардааст, гуфт, неругоҳи офтобӣ ва истгоҳи ҳифзи неруи барқ бо тавоноии 180 киловат соат дар ноҳияи Мурғоб гузошта шуд.

Дар баёнияи USAID омадааст, ки неругоҳи барқи офтобӣ барои тақвияти тавоноии неругоҳи барқи обии “Тоҷикистон” насб шуд, ки 1.5 мегаватт неруи барқ ҳосил мекунад. Мурғоб, баландтарин ноҳияи Тоҷикистон, ки 3600 метр баландтар аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, аз маҳаллҳои дурдаст ба ҳисоб меравад ва 6 000 сокини он аз шабакаи барқи “Помир Энержӣ” ҷудо ва аз неруи барқи мунназам ва кофӣ маҳрум будаанд.

Дар баёнияи расмӣ омадааст, ки неругоҳи нав имкон медиҳад, таъмини мардум бо неруи барқ дар ҷараёни рӯз 50 дар сад зиёд шавад, ки дар ниҳоят сатҳи зиндагии онҳоро беҳтар ва ба рушди иқтисодии Мурғоб мусоидат мекунад.