Ерсин Еркинулӣ, як қазоқтабори 23-солаи фирорӣ аз минтақаи Шинҷони Чин мегӯяд, дар як боздоштгоҳи муваққатии Украина қарор дошта, эҳтимол аст, ба ватан истирдод шавад. Ба гуфтаи Еркинулӣ, ӯро дар ватан шиканҷа хоҳанд кард.
"Шиносномаи чинии ман гум шудааст. Додгоҳи Украина мехоҳад, маро ба Чин бозпас фиристад. Дар Чин маро шиканҷа, таҳқир ва марг мунтазир аст. Аз шумо хоҳиш мекунам, ки маро ба Қазоқистон баред",-гуфтааст Еркинулӣ дар муроҷиатномааш ба расонаҳо.
"Чаҳор рӯз мешавад, ман дар ҳабс ҳастам. Додгоҳ 4 ноябр маро 4 ҳазор гривени украинӣ ҷарима карда, хост ба Чин истирдод шавам", - изҳор медорад қазоқтабори фирорӣ дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст.
Зоҳиран навори мазкур дар маркази нигаҳдории муваққати шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Лвови Украина сабт шудааст.
Давоми чанд соли ахир чандин қазоқтабор аз таъқибҳо дар Шинҷон фирор карда, ба Қазоқистон паноҳ мебаранд. Ахиран Нурсултон ба чаҳор қазоқтабори фирорӣ ҳаққи паноҳандагӣ дар Қазоқистонро дод.
Чин ба хотири нигаҳдории иҷбории беш аз як миллион уйғур, қазоқтабор ва намояндаи ақалиятҳои дигари мусулмон дар "марказҳои бозтарбия"-и Шинҷон аз соли 2017 ба ин сӯ мавриди интиқоди ҷомеаи байналмилалӣ қарор дорад. Худи Пекин иттиҳомро рад карда, урдугоҳҳоро "марказҳои омӯзишӣ"-е меномад, ки гӯё ба хотири мубориза бо терроризму экстремизм таъсис дода шудаанд.