Бар асоcи озмоиши DNA ё ДНК ва муқоисаи он бо ДНК‑и хешовандон шахсияти муҳоҷирони ҳалокшуда дақиқ хоҳад шуд.
Гузориши видеоиро ин ҷо бубинед.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Оятулло Саломови 20‑сола ва Муҳаммадшариф Абдуллоеви 22‑сола, сокинони шаҳри Роғуни Тоҷикистон дар сӯхтори як бинои сеошёна дар ноҳияи “Роҳи Оҳан”‑и вилояти Самара ҳалок шудаанд. Дар бинои сӯхта ҷасади чаҳор нафар пайдо шудааст, ки шинохта намешаванд. Мақомоти Русия гуфтанд, ки аз ин чаҳор нафари ҳалокшуда ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд.
Сабаби сӯхторро мақомоти Русия расиши кутоҳи ноқилҳои барқ дар дохили бино номидаанд.
Бахтиёр Саломов, бародари Оятулло рӯзи 11‑уми ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дақиқ шудааст, ки бародараш дар он сӯхтор ҷон додааст, вале дар миёни чор нафар шинохта намешавад.
“Мо имрӯз дар таваллудхонаи рақами 1‑и Душанбе ташхиси ДНК супоридем. Чун фаҳмиданд, ки мусибат дорем, аз мо пул нагирифтанд, вагарна як ташхис то 4 ҳазор сомонӣ будааст”,‑‑гуфт ӯ.
Дар Сафорати Тоҷикистон гуфтанд, ки бо шиносоӣ шудани ҷасадҳо дар наздиктарин парвоз онҳоро ба ватан мефиристанд.
Пайвандони Оятулло ва Муҳаммадшариф гуфтанд, ки онҳо моҳи март барои кор ба Русия рафта буданд ва дар сохтмон кор мекарданд. Бинои оташгирифта макони хобашон будааст.
Русия макони асосии кору даромади беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон аст ва будубоши онҳо дар Русия на ҳамеша роҳату бехатар аст. Солона аз ин кишвар беш аз ҳазор тобути муҳоҷирони ҳалокшуда ба ватан оварда мешавад. Аксари ин муҳоҷирон дар садамаҳо, занозанӣ ва аз бемориҳои гуногун мефавтанд.
Ҳомиёни ҳуқуқ пайваста аз ҳукумати Русия танқид мекунанд, ки барои муҳоҷирони корӣ шароити дурусти корӣ фароҳам намеорад ва онҳо аз лиҳози саломатӣ ва амниятӣ ҳамеша осебпазир ҳастанд. Худи муҳоҷирон низ мавриди танқид қарор мегиранд, ки бе риояти чораҳои бехатарӣ ба иҷрои кор дар муҳити носанҷида даст мезананд.