Акмалиддин Каримов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки дар шаҳри Нови-Сади Сербистон ҷараён дорад, медали нуқра ба даст овард. Ин дувумин медали варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад.
Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Акмалиддин Каримов рӯзи шанбеи 7-уми ноябр дар риштаи самбои варзишӣ дар рақобатҳо дар вазни то 57 кило дар се қувваозмоӣ пирӯз шуда, ба финал баромад.
Паҳлавони тоҷик нахуст рақибаш Нгуен Рубинро аз Фаронса аз рӯи имтиёзҳо шикаст дод. Баъдан Бектош Назарови узбек ва Андрей Лашичуки украинро бо ҳисоби якхелаи 3:0 мағлуб карда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Вале Акмалиддин дар финал аз Владимир Гладкихи русиягӣ бо ҳисоби 0:1 ноком шуда, барои ҷойи дувум бо медали нуқра сарфароз гашт.
“Акмалиддин Каримов дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ миёни бузургсолон ҳамасола ширкат меварзад ва борҳо соҳиби ҷоизаҳои нуқраву биринҷӣ гаштааст. Бинобар ин, ягона орзуяш ба даст овардани медали тилло буд, вале ӯ ин дафъа ҳам натавонист ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёбад”, - иброз дошт Маҳмуд Абдуллоев.
Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ миёни бузургсолон рӯзи 6-уми ноябр Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило аз се қувваозмоӣ дар дутоаш пирӯз шуда, яктоашро бохт.
Паҳлавони тоҷик нахуст рақибаш Шокирӣ Ал-Ҳаюниро аз Марокаш бо усули “болевой” ё “дард додани даст” шикаст дод. Вале баъдан аз қаҳрамони бисёркаратаи ҷаҳон Сергей Рябови русиягӣ бо ҳисоби 1:2 мағлуб гашт. Сипас Комроншоҳ барои ҷойи севум бар Ярослав Давядчук аз Украина бо ҳисоби бузурги 6:0 дастболо шуда, бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.
Дар вазни то 90 кило медали дигари биринҷиро Алексей Степанков аз Беларус ба даст овард. Сергей Рябов, ки дар финал Неъмат Ёқубови узбекистониро мағлуб кард, боз ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфта, барандаи медали тилло гардид.
Ба ҷуз аз Комроншоҳи Устопириён ва Акмалиддин Каримов, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ миёни бузургсолон Тоҷикистонро боз паҳлавони номдор Хушқадам Хусравов дар вазни то 62 кило намояндагӣ хоҳад кард. Хушқадам рӯзи якшанбеи 8-уми ноябр вориди рақобат мешавад.
Инчунин дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Сербиcтон дар риштаи самбои варзишӣ миёни наврасон Тоҷикистонро Самеъҷон Абдушукуров дар вазни то 87 кило муаррифӣ кард. Ӯ низ соҳиби ҷоиза гардид. Самеъҷон барои ҷойи севум бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.
"Албатта, гуштигирони мо пазмони чунин мусобиқот буданд. Онҳо ҳамасола дар чемпионати ҷаҳон ҳам миёни калонсолон ва ҳам байни ҷавонону наврасон иштирок карда, соҳиби ҷоизаҳо шудаанд. Баъди 42 соли пирӯзии паҳлавони машҳури тоҷик Саидмуъмин Раҳимов дар чемпионати ҷаҳон, Беҳрӯзи Хоҷазода соли 2017 унвони қаҳрамониро ба даст овард. Соли 2018 Хушқадам Хусравов ҳам қаҳрамони ҷаҳон гардид", - гуфт Маҳмуд Абдуллоев.
Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) хабар додааст, дар қаҳрамонии ҷаҳон миёни мардону занон, ки дар Сербистон ҳамроҳ бо қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон рӯзи якшанбеи 8-уми ноябр ба поён мерасад, ҳудуди 400 варзишгар аз наздики 30 кишвар оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ ширкат дорад.
"Федератсияи байналмилалии самбо ҳамеша ҷонибдори баргузории ҳадди аксари мусобиқоти самбо дар сатҳи байналмилалӣ буд, вале пандемияи COVID-19 ба иҷро нашудани нақшаи чорабиниҳои мо таъсир гузошт. Ман ба Федератсияи самбои Сербия, ки розӣ шуд мизбони ду мусобиқаи бузург шавад, миннатдорӣ баён мекунам. Федератсияи самбои Сербия дар баргузории мусобиқоти байналмилалӣ таҷрибаи кофӣ дорад ва ин ду чорабинӣ дар сатҳи баланд баргузор шудааст", - иброз намуд президенти FIAS Василий Шестаков.
Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки мусобиқот тибқи "Дастурамали Федератсияи самбо ҷиҳати таъмини бехатарӣ ва пешгирӣ аз пандемияи COVID-19 доир шудааст, яъне бо дарназардошти маҳдудият ва гаштугузори варзишгарон дар шаҳр, ҳамчунин риояи чораҳои бехатарӣ ва фосилаи иҷтимоӣ дар толори варзишӣ.
Ба иттилои сомонаи расмии FIAS, неш аз мусобиқот, рӯзи 5-уми ноябр, дар Нови-Сади Сербистон конгресси навбатии ХХХII Федератсияи байналмилалии самбо доир гардид. Бо сабаби пандемияи COVID-19 қарор қабул карда шуд, ки ин чорабинӣ дар шакли гибридӣ гузаронида шавад - баъзе вакилон шахсан ҳузур доштанд, баъзеҳо - фосилавӣ, тавассути пайванди алоқаи видеоӣ. Умуман, дар конгресс намояндагони 70 кишвар ширкат варзиданд.
Конгресс ба оинномаи ташкилот як қатор ислоҳот ворид кард. Ноиби президенти FIAS Сергей Елисеев аз номи Федератсияи умумирусиягии самбо аз ҳозирин хоҳиш кард, ки номзадии президенти феълии Федератсияи байналмилалии самбо Василий Шестаковро дар робита ба тамдиди ваколатҳояш то моҳи ноябри соли 2025 дастгирӣ намоянд. Номзадии Шестаковро вакилон якдилона дастгирӣ карданд.