Аз рӯи куштори журналисти словакӣ чанд мақомдори собиқи полис боздошт шуд

Журналисти таҳқиқгар Ян Кутсяк ҳамроҳ бо дӯстдухтараш Мартина феврали соли 2018 кушта шуданд. Ин ҳодиса боиси эътирози сартосарӣ дар Словакия гардид ва то ҳол омилони ин куштор маълум нашудаанд

Дар робита бо куштори Ян Кутсяк, як журналисти таҳқиқгари Словакия дар соли 2018 чанд мақомдори собиқи полис боздошт шуданд. Сухангӯи додситонии Словакия рӯзи 5-уми ноябр гуфт, ки ин нафарон бо гумони ташкили як шабакаи ҷиноӣ боздошт шуданд, вале ҷузъиёти аз ин беш надод. Телевизиони Markiza як видеоеро бо собиқ раиси полис намоиш дод, ки дар ҷараёни рейдҳои ахир боздошт шудааст. Шабакаҳои дигар се мақомдори собиқи дигари баландпояи полисро нишон доданд, ки дар додгоҳ ҳозир шуданд. Ян Кутсяк ҳамроҳ бо дӯстдухтараш дар хонааш дар шаҳри Братислава феврали соли 2018 аз тири туфанг кушта шуданд. Дар паи эътирозҳо аз ин кушторҳои бераҳмона нахуствазир Роберт Фитсо маҷбур шуд ба истеъфо равад. Кутсяк дар мақолаҳояш дар бораи иртиботи ифлосу фасодкоронаи миёни сиёсатмадорону соҳибкорон навиштааст. Баъди қатли журналист полис ба таҳқиқи шабакаҳои фасодхор дар низоми додгустарӣ ва сохторҳои ҳифзи қонун пардохт. Миллионер Мариан Кочнерро дар ташкили куштор айбдор карданд. Мақомот тахмин мекунанд, ки ӯ ба додгустарҳову додситонҳо пора дода талош кардааст дар чандин қазияи тақаллубкорӣ сафед шавад. Вале рӯзи 3-юми сентбяр Кучнер аз иттиҳоми амр додан ба куштори журналист сафед карда шуд.