Тоҷикистон ба "Ютэйр" иҷозаи парвоз дод

Ҳавопаймои ширкати "Ютэйр"

Мақомоти Тоҷикистон ба ширкати ҳавопаймоии "Ютэйр"-и Русия барои анҷом додани парвозҳои чартерӣ дар хатсайрҳои Душанбе-Маскав ва Хуҷанд-Сургут, иҷозат додаанд.

Дафтари матбуоти Сафорати Русия дар Душанбе шоми 5-уми ноябр хабар дод, ки ширкати ҳавоии "Ютэйр" иҷозати мақомоти Тоҷикистонро барои парвозҳои чартерӣ дар хатсайри Душанбе-Маскав ва Хуҷанд-Сургут дарёфт кард ва аввалин парвозро рузи шанбеи 7-уми ноябр анҷом медиҳад.

Ба ин тартиб, қарор аст дар моҳи ноябр аз Тоҷикистон ба Русия чаҳор парвоз сурат гирад. Парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Маскав рӯзҳои 7, 14, 21 ва 28 ноябр анҷом хоҳанд шуд. Парвозҳо дар хатсайри Хуҷанд-Сургут танҳо баъд аз таҳияи рӯйхати мусофирон сурат мегирад.

Ба таъкиди сафорат, тибқи иттилои Хадамоти марзбонии Хадамоти федеролии амниятии Русия, шахсони хориҷӣ ва шахсони бидуни шаҳрвандӣ, ки иҷозати иқомат дар Русия доранд, наметавонанд дубора вориди Русия шаванд.

Ҳамин тавр, афроде, ки иҷозати иқомат дар Русия доштанд ва дар даврони паҳншавии КОВИД-19 он кишварро тарк карданд, имкон дорад дигарбора ба Русия ворид шуда натавонанд. Ҳамчунин афроде, ки ҳаққи ворид шудан ба Русияро надоштанд, наметавонанд дубора ба ин кишвар ворид шавад.

Чиптаҳои ин парвозҳо дар масири Душанбе -Маскав тавассути вебсайти расмии UTair фурӯхта мешаванд.

Мақомоти тоҷик дар ҳоле ба "Ютэйр" иҷозаи парвоз доданд, ки ба гуфтаи сафорат, ширкати дигари русӣ -- "Уралские авиалинии" низ ният дорад барои дарёфти иҷозаи парвози чартерӣ дар рӯзҳои наздик ба мақомоти Тоҷикистон муроҷиат кунад.

Парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистон ва Русия аз 20-уми март ба ин тараф қатъ шудаанд ва санаи оғози дубораи парвозҳои маъмулӣ ҳанӯз норӯшан аст.

Ҳоло дар як рӯз панҷи парвози чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон анҷом мешавад: се парвоз аз Маскав ба Душанбе ва ду парвоз дигар шаҳрҳои Русия.