Ҳошим Точӣ, раиси ҷумҳури Косово рӯзи панҷшанбеи 5-уми ноябр аз мақомаш канор рафт. Ин тасмим пас аз он гирифта шуд, ки Додгоҳи байналмилалии Гаага ӯро ба даст доштан дар ҷинояти ҷангӣ муттаҳам кард.
Ҳошим Точи рӯзи панҷшанбе дар як нишасти хабарӣ дар пойтахти Косова эълон кард, ки ба ҳадафи ҳифозат аз ҷойгоҳи раёсати ҷумҳурӣ, аз мақоми худ истеъфо додааст.
Тарҳи иттиҳоми иртикоби ҷинояти ҷангӣ ва ҷиноят алайҳи башария алайҳи Ҳошим Точи ба ҳодисаҳои солҳои 90-уми қарни гузашта рабт мегирад. Тачӣ дар он солҳо фармондеҳи Артиши озодихоҳи Косово буд.
Ин кишвар, ки як бахши умдатан албанинишини Сербистон буд, соли 2008 худро мустақил эълон кард ва то кунун онро 110 кишвар ба расмият шинохтаанд. Аммо Русияву Чин ва чанде аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, аз ҷумла Юнон онро кишвари мустақил намешуморанд.